Нархи ҳаҷи фарзӣ нисбат ба соли гузашта қариб 4000 сомонӣ поин рафтааст.
Тавре Афшин Муқим, сухангӯйӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим мегӯяд, имсол шаҳрвандони Тоҷикистон барои ба ҳаҷи фарзӣ рафтан 53 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт менамоянд, ки нисбат ба соли гузашта нисбатан арзонтар аст.
“Дар соли 2026 арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шуд. Маблағи сафари ҳаҷ ба таври ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад. Ин нархнома моҳи декабри соли гузашта тасдиқ шуд ва аллакай довталабон маблағи худро супоридаанд”,- мегӯяд Афшин Муқим.
Ёдрас мешавем, ки соли 2025 зоирин барои адои ҳаҷи фарзӣ 56 ҳазору 800 сомонӣ маблағ супурданд.