Arzon march 2024
Нархи ҳаҷ арзон шуд
227

Нархи ҳаҷ дар соли 2025 нисбат ба соли гузашта арзон шудааст. Дар ин бора имрӯз Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим алакай омодагиро ба мавсими ҳаҷи имсола оғоз намуда, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳоро барои мавсими ҳаҷи соли 2025 муайян намуд. Соли равон зоирин барои сафари ҳаҷ 57 ҳазор сомонӣ месупоранд, ки ин маблағ нисбат ба соли гузашта ду ҳазор сомонӣ арзонтар мебошад”,-гуфт раиси кумита.

Мутаассифона, дар соли 2024 зимни сафари ҳаҷ 4 нафар зоирини тоҷик бо марги табиӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот карданд ва тибқи тартиб дар ҳамон ҷо дафн шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД