Arzon march 2024
Нархи ҳаҷ 61-ҳазор сомонӣ! Камбағал зиёрати хонаи худоро дигар танҳо дар хоб мебинад?
1415

Тавофи хонаи Каъба яке аз рукнҳои асосии дини мубини ислом буда, ҳар як фарди мусалмон орзу мекунад, ки дар умраш ақаллан як бор хонаи худоро зиёрат намояд, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус ду соли охир муслимин натавонистанд ба зиёрати ҳаҷ раванд.

Толибони ҳаҷ умедвор буданд, ки имсол бо кушода шудани дарҳои Каъба ба рӯйи зоирин ба орзуи деринаи худ мерасанд, вале якбора боло рафтани нархи сафари ҳаҷ бисёриҳоро навмед месозад...

Қимати ҳаҷ имсол якбора ба осомони ҳафтум дакка хӯрда, ба 61-ҳазор сомонӣ расидааст. Албатта барои мардуми тоҷик ин маблағи калон хеле аст.

Арабистони Саудӣ ба 3562 нафар зоирин аз Тоҷикистон иҷозати Ҳаҷ кардан додааст, вале хароҷоти сафари ҳаҷ 5350 долларро ташкил медиҳад, ки ин маблағ назар ба соли 2019 тақрибан 26 ҳазор сомонӣ ё 1600 доллар зиёдтар мебошад. .

Сабаби якбора ба сомони ҳафтум дакка хӯрдани арзиши зиёрати ҳаҷро Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба болоравии нархи сӯзишворӣ ва хизматрасониҳои Арабистони Саудӣ нисбат додааст. Сухангӯйи кумитаи дин мегӯяд,агар соли 2019 Арабистони Саудӣ барои хизматрасонӣ ба як ҳоҷӣ 236 доллар талаб мекард, ҳоло 1424 доллар талаб мекунад, ки ба маротиб бештар аст.

Ба гуфти Афшин Муқим қимати Ҳаҷ дар дигар кишварҳо низ боло рафтааст ва зоирини Ӯзбекистон барои зиёрати Хонаи Худо 5650 доллар, Русия 6000 доллар ва Қазоқистон 6500 долар пардохт мекунанд.

Дар баробари болоравии нархи сафари ҳаҷ имсол квотаи ҷудошуда барои Тоҷикистон, ки солҳои қаблӣ 6300 нафарро ташкил мекард, 2800 нафар камтар буда, ин маҳдудият низ имкони зиёрати Хонаи Каъбаро барои тоҷикон хеле тангтар месозад.

Сухангӯйи кумитаи дин Афшин Муқим мегӯяд, зимни интихоб бартарӣ ба онҳое дода мешавад, ки соли 2020 барои зиёрати Каъба номнавис шуда буданд, аммо ба сабаби пандемия сафарашон бекор шуда, натавонистанд ҳаҷ кунанд.

Сафари зоирин аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ 20-уми июн оғоз ёфта, 17-уми июл ба поён мерасад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД