“Наполи” баъди 11 сол боз барандаи Суперҷоми Италия гардид
23.12.2025
Oila.tj
40

Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ “Наполи” дар бозии ниҳоии Суперҷоми Италия бар “Болоня” бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба ба даст овард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, аз лаҳзаҳои аввали вохӯрӣ тими Антонио Конте ташаббусро ба даст гирифта, назди дарвозаи рақиб пай дар пай ҳолатҳои хатарнок эҷод мекард. Ба назар мерасид, ки гол задан танҳо масъалаи вақт аст ва дар дақиқаи 39-ум Давид Нерес ҳисобро боз кард.

Дар оғози қисми дуюм “Болоня” имкони олӣ барои баробар кардани ҳисоб дошт, аммо Ваня Милинкович-Савич зарбаи Люис Фергюсонро баргардонд. Пас аз чанд дақиқа дастаи шаҳри Неапол ба задани голи дуюм даст ёфт. Давид Нерес дар дақиқаи 57-ум муаллифи гол шуда, дубл намуд.

“Болоня” дар идома кӯшиш кард, ки шавқу ҳаяҷонро ба бозӣ баргардонад, аммо зарбаҳои Ҷон Лукуми ва Никола Моро натиҷа надоданд.

“Адзурри” бори аввал аз соли 2014 соҳиби Суперҷоми Италия гардиданд ва ҳамзамон барои бохт бо ҳамин ҳисоб дар бозии рӯ ба рӯи Серияи А қасос гирифтанд.

Ҳамин тавр, “Наполи” бори сеюм барандаи Суперҷоми Италия шуд. Қаблан, “Наполи” солҳои 1990 ва 2014 барандаи Суперҷоми Италия шуда буд. Соли гузашта, “Милан” ғолиби Суперҷом гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии навбатӣ шогирдони Конте дар меҳмонӣ бо “Кремонезе” рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҳоле ки “Болоня” дар майдони худ “Сассуоло”-ро қабул мекунад. Ҳар ду вохӯрӣ рӯзи 28-уми декабр баргузор хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД