Formula novemver 2024
Наҷоти марди 49-солае, ки мехост худро бикушад
28.08.2024
Оила.ТҶ
501

Наҷодиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҳодисаи қасди худкушӣ дар Рашт пешгирӣ кардаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, 26-уми августи соли 2024 соати 9:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 49-солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҳангоме, ки дар хонаи хешовандонаш дар деҳаи Сарипули ҷамоати деҳоти Ғарми ноҳияи Рашт меҳмон будааст, дар ҳоли мастӣ аз шароб хостааст даст ба худкушӣ занад. Вай худро аз теппае бо баландии 12 метр ба соҳили дарёи Сурхоб ҳаво додааст.

- Бо ба даст овардани хабар имдодгарони КҲФ дар водии Рашт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Онҳо мардро аз зер ба боло оварданд ва ба кормандони милитсияи ноҳия супурданд. Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои қасди ҷони худ кардани ин марди 49-соларо таҳқиқ мекунанд,- мегӯяд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД