Амалиёти наҷоти осебдидагони зилзилаи шадиду тақдирсӯз дар Туркия идома дорад. Имрӯзҳо дар қатори намояндагони дигар кишварҳо наҷотбахшони тоҷик низ фаъолона ба ҷустуҷӯи шахсони дар зери вайронаҳо монда машғуланд.
Қаблан наҷотбахшони тоҷик дар Қаҳрамонмаръаш мардеро бо фарзанди 6-моҳааш аз зери харобаҳо берун оварда буданд. Рӯзи 12-уми феврал ба онҳо муясар гашт, ки боз як кӯдаки хурдсолро аз марг наҷот дода, аз зери харобаҳо берун оранд.
Кӯдаке, ки наҷотдиҳандагони тоҷик аз зери харобаҳо бароварданд, Явуз ном дошта, ҳамагӣ 3-сола будааст. Ин кӯдак шаш шабонарӯз, аниқтараш 150 соат дар зери харобаҳо бидуни обу ғизо монааст. Зинда мондани ин тифли хурдсол баъди ин қадар азобҳои алим мӯъҷизаи ҳақиқӣ аст.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи рӯзи 9 -феврал як гуруҳи 50 нафараи наҷотдиҳандагон, ки дар байнашон табибон низ буданд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷустуҷӯву наҷот ва рафъи оқибатҳои заминларзаҳои рӯзи 6- феврал сар зада аз Тоҷикистон ба Туркия фиристода шуданд. Мақомоти Туркия наҷотбахшони тоҷикро ба шаҳри Қаҳрамонмаръаш фиристоданд, зеро ин шаҳр аз ҳама бештар зарар дидааст.
Шумори умумии ҳалокшудагон бар асари заминларзаҳои шадид дар Туркия ва Сурия ба 35 ҳазор нафар мерасад. Ин офати табиӣ дар асри ХХ1 пурқурбонитарин зилзила ба шумор меравад.