Наҷотбахшони Раёсати КҲФ дар ВМКБ оқибатҳои садамаи нақлиётиро дар шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим бартараф намудаанд.
Бино ба иттилои КҲФ, 30-юми ноябри соли 2024, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар ВМКБ хабар оид ба рух додани садама дар километри 20-уми шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим, ки аз ҳудуди деҳаи Даштаки ҷамоати деҳоти Нишуспи ноҳияи Шуғнон мегузарад, ворид гардидааст.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар ВМКБ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, маълум кардаанд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Танген», марди 54-солаи сокини деҳаи Пиши ҷамоати деҳоти ба номи Ғ. Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Пиш ба сӯи деҳаи Даштак идораи нақлиётро аз даст дода, ба дараи 30-метра, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Ҳангоми садама дар мошин танҳо ронанда қарор доштааст.
Кормандони КҲФ мошинро аз канал берун кашидаанд ва ҷустуҷӯи ронанда низ оғоз шудааст.