arzon replenishment
НАМОЗИ ТАРОВЕҲ ВА ФАЗИЛАТҲОИ ОН
24.04.2021
ОИЛА
1649

 Ҳамасола бо фаро расидани моҳи шарифи рамазон гурӯҳ-гурӯҳ мардон барои гузоштани намози таровеҳ ба масҷид мераванд. Вале на ҳама намозгузорон фазилатҳои ин намозро медонанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, хонандагони “Оила”-ро бо 30 фазилати намози таровеҳ ошно созем.

Шаби якум

Ривоят кунанд, ки Ҳазрати Алӣ аз Расули Акрам (с) дар бораи фазилатҳои таровеҳ пурсон шуданд. Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷавоб чунин гуфт: “Ё Алӣ, ҳар кӣ аз уммати ман дар шаби аввали рамазон ба ҷамоат таровеҳ гузорад, мисли рӯзи таваллуд шуданаш аз гуноҳ пок хоҳад гашт.

Шаби дуюм

Аллоҳ Таъоло падару модари шахси ба таровеҳ омадаро махфират мекунад, агар муъмин бошанд.

Шаби сеюм

Дар шаби сеюм фариштаҳо аз таҳти арш ба шахсони ба таровеҳ омада муннодӣ мекунанд, ки Аллоҳ Таъоло гуноҳони гузаштаи шуморо махфират менамояд.

Шаби чаҳорум

Савоби қироати Таврот, Инҷил, Забур ва Фурқонро дар номаи аъмолаш менависад.

Шаби панҷум

Аллоҳ Таъоло савоби намозгузорони масҷиди Ҳарам ва масҷиди Мадинаи Мунаввар ва масҷиди ба бандагони дар таровеҳ нишаста насиб мегардонад.

Шаби шашум

Дар шаби 6-ум савоби илмияти Байтулаъминро дарёбанд.

Шаби ҳафтум

Дар шаби 7-ум савоби нусрати (зафар, пирӯзӣ) Ҳазрати Мусоро, ки бар Фиръавн ва Ҳолмон ёфта буд, дарёбанд.

Шаби ҳаштум

Шаби 8-ум атои ба Ҳазрати Иброҳим намудаи Худовандро бандагони ба таровеҳ омада дарёбанд.

Шаби нуҳум

Дар шаби 9-ум аз савоби ибодати пайғамбар Расули Акрам (с) баҳравар гарданд.

Шаби даҳум

Дар шаби 10-ум хайри дунё ва охират насибашон мегардад.

Шаби ёздаҳум

Дар шаби 11-ум Худованд бандагони ба таровеҳ омадаашро аз зино пок месозад, то ба хонаи охират бе ин гуноҳи кабира бираванд.

Шаби дувоздаҳум

Фазилати хондани намози таровеҳ дар шаби 12-уми моҳи мубораки рамазон он аст, ки рӯзи қиёмат рӯйи он намозгузор мисли қамар тобон шавад.

Шаби сенздаҳум

Дар шаби 13-ум Худованд бандагони намозгузорашро аз хавфу хатар ва даҳшати рӯзи қиёмат озод хоҳад кард.

Шаби чордаҳум

Фазилати таровеҳ дар шаби 14-уми рамазон он аст, ки вақти ҳисоби рӯзи Қиёмат фариштае омада, ба таровеҳ хондани ӯ шоҳид мегардад.

Шаби понздаҳум

Дар шаби 15-ум фариштаҳои Аршу Курсӣ бар таровеҳгузор салавот (дуруд) мефиристанд.

Шаби шонздаҳум

Дар шаби 16-ум бо амри Аллоҳ Таъоло бароти (хатти озодӣ ва бахшоиш ва наҷот) таровеҳгузорро китобат мекунанд.

Шаби ҳабдаҳум

Дар шаби 17-ум Аллоҳ Таъоло барои намозгузори таровеҳ савоби пайғамбаронро насиб мегардонад.

Шаби ҳаждаҳум

Дар шаби 18-ум фариштае нидо мекунад: “Эй банда, Аллоҳ Таъоло дараҷоти (мартабаи) туро қадршиносӣ намуд.

Шаби нуздаҳум

Фазилати дар шаби 19-уми моҳи рамазон таровеҳ хондан он аст, ки Аллоҳ Таъоло дараҷоти намозгузорони таровеҳро дар биҳишт баланд мебардорад.

Шаби бистум

Дар шаби 20-ум савоби шуҳадоро дар номаи аъмоли гузорандагони намози таровеҳ сабт менамоянд.

Шаби бисту якум

Дар шаби бисту якум Аллоҳ Таъоло барои он банда (намозгузор) қасре дар Ҷаннат бино гардонад.

Шаби бисту дуюм

Дар шаби 22-юм Аллоҳ Таъоло эмин гардонад ӯро аз ҳар ғаму ғуссаю парешонхотирӣ.

Шаби бисту сеюм

Дар шаби 23-юм Аллоҳ Таъоло ба номи ҳар касе, ки намози таровеҳ мехонад, дар Биҳишт шаҳре бино месозад

Шаби бисту чорум

Дар шаби 24-ум дар Парвардигор ҳоҷати (таманною хоҳиши) намозгузори таровеҳро раво мегардонад.

Шаби бисту панҷум

Дар шаби 25-ум Худованд намозгузори таровеҳро аз азобҳои қабр раҳоӣ мебахшад.

Шаби бисту шашум

Фазилати дар шаби 26-уми моҳи мубораки рамазон таровеҳ хондан ҳамин аст, ки парвардигори олам намозгузоронро дар рӯзи қиёмат аз “Пули Сирот” чун барқ ноаён мегузаронад.

Шаби бисту ҳафтум

Дар шаби 27-уми рамазон, ки шаби қадр аст, Худованд ба тамоми бандагони дар таровеҳ ширкатдошта савоби 40-солаи ибодатро сазовор мегардонад.

Шаби бисту ҳаштум

Дар шаби 28-ум Субҳони Ҳақ (Аллоҳ) иштирокдорони намози таровеҳро дар Биҳишт ба ҳазор дараҷа (мартаба) мушарраф месозад.

Шаби бисту нуҳум

Дар шаби 29-ум Қозилҳоҷоти ба ҳама кор қодир, яъне Аллоҳ Таъоло бандаи намози таровеҳ хондаашро мағфират намуда, савоби ҳазор ҳаҷи хонаи Каъба-ро дар номаи аъмолаш менависад.

Шаби сиюм

Дар шаби 30-юм, ки шаби охирини намози таровеҳ аст, офаридгори олам бар ҳар як шахси ба намози таровеҳ омада хитоб карда мегӯяд: “Эй банда, ту ъабади (бандаи, ғулом) ва ман Парвардигор ту ҳастам!

Парвардигор, кулли бандагони муъминатро аз таъфиқи рӯза доштани моҳи шарифи рамазон ва хондани намози таровеҳ баҳравар бигардон ва аз савобу самари ин моҳи муборак моро бенасиб нагузор.

Мирзо Юсуфи Фозил, хонандаи “Оила”

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД