Sebiston new 2024 october
Намози таровеҳ чӣ ҳикмат дорад?
23.04.2022
ОИЛА
1314

Посухи Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба саволҳои хонандагони «Оила»

-Ман қарздор ҳастам. Бо оилаам дар Россия кор мекунем. Агар рўза дорам, кор карда наметавонам, агар кор кунам, рўза дошта наметавонам. Барои раҳоӣ аз қарз кор карда ва маблағ ба даст овардан лозим аст. Чӣ бояд кард?
Муҳоҷири қарздор, аз Новосибирск.

- Бародари азиз, шумо, пеш аз ҳама,ҳалли мушкилоти худро аз Худовандталаб кунед ва дар дили шаб холисона дуо кунед, иншооллоҳ Худованд кафҳои дасти шуморо холӣ барнамегардонад. Рўза фаризаи илоҳӣ аст ва ба сабаби қарздорӣ аз зиммаи мусулмон соқит намешавад. Шумо ҳиммати баланд дошта бошед ва аз мушкилот наҳаросед, умед аст, ки комёб мешавед. Худованд ба шумо кушоиш ва раҳоӣ аз қарзро насиб гардонад ва ба хонаводаи шумо тавфиқу баракат ато фармояд.
-Домуллои азиз, мехоҳем дар мавриди таърихи намози таровеҳ ва ҳикматҳои он чанд ҳарф бигӯед.
Муҳоҷирон, аз ФР.
- Намози таровеҳаз суннатҳои муаккада аст, ки қабл аз намози витр ё баъд аз намози хуфтан гузошта мешавад. Он аз бист ракъат иборат буда, ҳар ду ракъати он бо як салом адо мешавад ва мустаҳаб аст баъд аз адои ҳар чаҳор ракъат намозгузорон миқдоре бинишинанд.Дар ривоятҳо омадааст, ки Расули Худо (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон бо баёни аҷру савоби он ҳавасманд мегардонд, вале онҳоро ба таври ҳатмӣ ва муаккад ба он амр намекард. Аз ҷумла, он Ҳазрат (с) мегуфт: «Касе шабҳои моҳи Рамазонро аз рӯи имон ва ба умеди аҷру савоб барпо дорад, тамоми гуноҳони (хурди) гузаштааш бахшида мешаванд». Расули Худо (с) аз дунё гузашт ва кор ба ҳамин сурат боқӣ монд. Дар замони хилофати ҳазрати Абӯбакр (р) ва ибтидои даврони Умар (р) низ ҳамин ҳолат ҳифз гардид.Оиша (р) мефармояд: «Расули Худо (с) шабе (дар моҳи Рамазон) нимашаб ба масҷид рафт ва дар он ҷо намоз гузорид. Мардуме, ки дар он ҷо буданд, ба вай иқтидо намуда, намоз гузориданд. Вақте субҳ шуд, онҳо дар бораи намози шабашон ба мардум хабар доданд. Шаби дигар одами бештаре ҷамъ шуда, ҳамроҳи он Ҳазрат (с) намоз гузоштанд. Боз субҳ хабар ба мардуми бештаре расид ва дар шаби сеюм аҳли масҷид зиёд гардиданд. Расули Худо (с) ин шаб низ ба масҷид рафт ва мардум ҳамроҳаш намоз гузоштанд.Шаби чорум масҷид дигар намозгузоронро набурд, (вале Расули Худо (с) он шаб ба наздашон набаромад, балки саҳар) барои намози субҳ баромад. Пас аз адои намози бомдод… ба мардум гуфт: Ҳузури шумо бароям пӯшида набуд, вале хавф бурдам, ки ин намоз низ бар шумо фарз гардад ва аз адои он оҷиз гардед», вале ибодат дар шабҳои Рамазон ба мардуми намозгузор расм шуд. Мардум дигар намози таровеҳро ё дар хонаҳояшон ва ё ба таври танҳогузор ва низ дар ҷамоатҳои пароканда дар гӯшаҳои масҷид мехонданд. Ин ҳолат дар замони хилофати ҳазрати Абӯбакр (р) ва ибтидои хилофати ҳазрати Умар (р) низ идома ёфт. Пас аз он ҳазрати Умар (р) мардумеро, ки дар гӯшаҳои масҷид танҳо-танҳо ва ё дар ҷамоатҳои пароканда намози таровеҳ мегузоштанд, ба як имом ҷамъ сохт. Аз он таърих ба баъд намози таровеҳ ва ҳамчунин, намози витр дар моҳи Рамазон бо ҷамоат барпо дошта мешаванд.
-Оё хатми Қуръон дар намози таровеҳ ҳатмӣ аст?
Сарвар, ш. Душанбе.


-Дар бораи хатми Қуръони карим дар намози таровеҳ дар байни мактабҳои фиқҳӣ ду нуқтаи назар вуҷуд дорад. Имом Моликонро суннат намедонад. Дар назди ҷумҳурӣ бузургони ҳанафӣ намози таровеҳ суннати муаккада, бо ҷамоат гузоридани он суннати кифоя ва як бор хатм кардани Қуръони карим дар моҳи Рамазон дар намози таровеҳ низ суннати ғайри муаккада мебошад, то мардум лоақал дар соле як бор дар моҳи Рамазон тамоми Қуръонро бишунаванд. Имом набояд аз рӯи танбалии қавм хатми Қуръонро тарк намояд.Аммо миқдори оятҳое, ки дар ҳар ракъати намози таровеҳ хонда мешаванд, ба адади муайяне маҳдуд гардонида нашудааст, балки он ба ҳоли намозгузорон бастагӣ дорад. Агар имом дар ҳар ракъат даҳ-ёздаҳ оят бихонад, Қуръонро дар зарфи як моҳи Рамазон ва ё чанд рӯз камтар аз он хатм менамоянд. Дар китоби «Мудаввана» омадааст: Умар ибни Абдулазиз қориҳоро амр кард, ки намози таровеҳро барпо доранд ва дар ҳар ракъати он даҳ оятӣ бихонанд». Имом Ҳасан ибни Зиёд аз Абӯҳанифа (рҳ) низ хондани даҳ оятро дар ҳар ракъати намози таровеҳ ривоят кардааст.Адади ракъатҳои намози таровеҳ дар тамоми моҳи Рамазон бинобар бисту нуҳ ва ё сӣ будани он шашсад ва ё панҷсаду ҳаштод ракъат мебошад. Вақте дар ҳар ракъат даҳ-ёздаҳ оятӣ бихонанд, ба адади оятҳои Қуръон, ки аз шаш ҳазору дусаду чанд (6236) оят иборат аст, баробар мешавад.
Вале беҳтар он аст, ки ҳар шаб дар бист ракъат як пораи Қуръонро хатм намоянд ва бо ҳамин дар зарфи як моҳ як хатми комил анҷом гирад. Ин миқдор ба ҳоли ҳар гуна намозгузор мувофиқат мекунад. Аммо, агар намозгузороне тоқати бештар дошта бошанд ва ду бор ва ё се бор Қуръонро дар моҳи Рамазон хатм намоянд, он низ ҷоиз ва хуб аст.
-Оё танҳо хондани намози таровеҳҷоиз аст?
Камолиддин, н. Айнӣ.
-Бародари азиз, бо ҷамоат гузоридани намози таровеҳ суннати муаккадаи кифоя аст, яъне агар касе таровеҳро танҳо гузорад, боке надорад, вале савоби он дар ҷамоат бештар аст.
-Имом дар намози фарз аз қафо луқма гирад ё дар намози таровеҳ муқтадӣ аз телефонаш Қуръонро нигоҳ карда, ба имом луқма диҳад, саҷдаи саҳв воҷиб мешавад?
Муҳаммад, ш. Истаравшан.
- Кумак гирифтани имом аз муқтадӣ дар намоз саҷдаи саҳв воҷиб намешавад, вале аз рӯи телефон луқма додан ҷоиз нест, зеро дар мазҳаби Имоми Аъзам (р) аз рӯи Қуръон нигоҳ карда, намоз гузоридан ҷоиз нест. Яъне, аз телефон нигоҳ кардан ҳам нашояд.
-Шахсе, ки намоз, инчунин намози таровеҳ намехонад, дар моҳи Рамазон иҷоза ҳаст, ки рӯза бигирад?
Марҷона, ш.Хуҷанд.
-Намоз ва рўза ибодатҳои ҷудогонаанд, агар касе намозро тарк кард, сахт гунаҳкор мешавад, бо вуҷуди ин агар рўза дошт, аз ин амали рўзааш аҷру подош мегирад.
-Соли гузашта дар моҳи Рамазон ҳомила будам, аз ин рў, рўза дошта натавонистам. Имсол рўза гирифтам, аммо мехоҳам пас аз моҳи Рамазон қарзи порсолаамро ҳам адо кунам. Чӣ қадар бояд рӯза дорам ва оё намози нафл гузорам?
Мадина, ш.Ҳисор.
-Хоҳари азиз, шумо як моҳ бояд рўза доред, дар ин ҳолат қарзи шумо адо мешавад. Дар вақти ба ҷо овардани қазои рўза нияти рўзаи қазоӣ мекунед, вале пай дар пай доштани он шарту ҳатмӣ нест, метавонед, ки онро ба сурати ҷудо-ҷудо низ адо кунед. Намози нафл ихтиёрӣ аст ва чанд ракъат, ки мехоҳед, метавонед бигузоред.
- Якчанд рўз пештар аз моҳи Рамазон рўза гирифтан иҷозат аст?
Соро, н.Варзоб.
-Ду-се рўз пеш аз моҳи Рамазон рўза доштан дуруст нест, зеро мушобаҳат ба аҳли китоб аст.
- Беморе, ки дар моҳи Рамазон рўза гирифта натавонист, чӣ гуна кафорати рўза медиҳад?
Насрулло, ш. Ваҳдат.
-Бародари азиз, барои шахси бемор кафорат нест, балки пас аз сиҳат ёфтан дар вақти муносиб қазои рўзаро медорад.
-Агар шахс рўзаи як рўзи моҳи Рамазонро қасдан шиканад, баъд аз моҳи муборак бояд чанд рўз бояд рўза дорад?
Фирдавс, н. Шаҳринав.
-Баршахсе ки рӯзаашро бесабаб ва қасдан мехӯрад,қазо ва кафорат лозим мегардад, яъне пас аз моҳи муборак ду моҳу як рўз рўза медорад, ду моҳ рўза барои каффорат ва як рўз барои қазо.
-Оё дар моҳи Рамазон ҳар рӯз нияти алоҳида бояд кард ё дар аввали он як бор ният кофӣ аст?
Сарбоз, ш.Исфара.


-Рӯза ибодати бузург аст ва бояд бо нияти анҷоми фармони Худованди мутаъол ба ҷо оварда шавад. Паёмбар (с) мефармоянд: «Амалҳо ба ниятҳо вобастаанд…». Ният аслан ҳамон қасду ирода ва омодагии амалии инсон барои анҷоми кор мебошад. Дар моҳи Рамазон нияти рӯзаи ҳар рӯзи он воҷиб аст, зеро ҳар рӯзи он ибодати мустақил ба шумор меравад ва ба таври умумӣ нияти рӯзаи як моҳ кифоя намекунад. Агар аз аввали моҳи Рамазон нияти рӯзаи тамоми моҳро намояд, хуб аст, вале он танҳо барои рӯзи аввал дуруст мегардад ва бояд барои рӯзҳои дигар аз нав ният намояд. Саҳарӣ хӯрдан дар моҳи Рамазон ният ба шумор меравад.
-Дар рўзаи моҳи Рамазон “ва лисавми ғадин мин шаҳри Рамазоналлазӣ фаризатан навайту” гуфта ният мекунем. Дар рўзаи нафли рўзҳои душанбе ва панҷшанбе чӣ гуна бояд ният кунем?
Дилшод, н. Деваштич.
-Дар рўзаҳои нафлӣ нияти мутлақ кардан кофӣ аст, яъне “ният кардам рўзаи нафл дорам” гўяд, рўза дуруст мешавад.

ТАҲИЯИ О.СОҲИБЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД