Formula novemver 2024
Намози иди Қурбонро чӣ тавр бояд хонд?
908

 

Яке аз амалҳои муҳим ва зарурии идҳои мусалмонӣ гузоштани намози ид мебошад, ки субҳ дар масҷидҳо гузошта мешавад. Гузштани намози ид низ шарту шароит ва қоидаҳои худро дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки шартҳои намози ид мисли шартҳои намози ҷумъа мебошад. Ба шахсоне, ки намози ҷумъа воҷиб гардидааст, хондани намози ид ҳам воҷиб мешавад.

Намози ид сунати иброҳимӣ буда, ҳадяи илоҳӣ бар уматонаш аст. Ҳазрати Анас разиаллоҳу анҳу мегӯяд, ки вақте Расули Худо (с) ба Мадина ҳиҷрат кард, дид, ки мардуми Мадина ду рӯзро барои худ ҷашни шодӣ мушахасс мекарданд. Ҳазрати Пайғамбар (с) вақте аз онҳо пурсиданд, ки чаро ин рӯзҳоро ҷашн мегиред, дар ҷавоб мардум гуфтанд, ки ҳатто дар замони ҷоҳилият ин рӯзҳоро ҷашн мегирифтем. Ҳазрати Муҳаммад о хушнудӣ гуфтанд: “Бешак Худованд дар ивази он ду рӯзе беҳтар аз ин рӯзро барои шумо додааст, ки он ҳам иди Қурбон ва иди Фитр мебошад”

Абдулло ибни Амри ниъос (р) мегӯяд, ки Расули Худо (с) дар хутбае фаромуд, ки ман аз ҷониби Худованд маъмур шудаам, то рӯзи иди Қурбонро ҷашн бигирам, ки худованд ин рӯзро барои дӯстии уммат ихтисос додааст.

Пас сару тани худро бишӯеду пок шавед ва либсҳои тоза пӯшида, хушбӯӣ бипошеду ба намози ид шитобед, зеро намоз яке аз рукнҳои асосии дини мубини ислом буда, аҷру подоши зиёде дорад. Савоби намози ид бошад, бамаротиб бештар аст, зеро онро ҷамъи мӯъминон дар якҷоягӣ мегузоранд ва албатта худованд ҳар дуоеро, ки бандагонаш дар рӯзи ид ва намози ид мекунанд, мустаҷоб хоҳад гардонд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД