Дар баъзе маҳалҳо баъди дафни майит намози "ҳавли гӯр” (қабр) мехонанд. Мегӯянд, ки ин намоз азоби қабрро дар шаби аввали дар хок хуфтанаш барои шахси аз олам даргузашта сабук месозад.
Ин гапҳо ягон асоси динӣ доранд? Дар намози “ҳавли гӯр “ кадом сураҳо хонда мешаванд?
Абдусалом, тоҷир.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Дар китоби фарзи айн, ки дар байни мардуми Осиёи Миёна машҳур аст, чунин омадааст: “Шаби аввале, ки майитро дафн мекунанд, барои маит аз он шаб дида шаби сахттар нест. Ҳар бандаи мусалмоне, ки ба маит раҳм мекунад, бояд он шаб ба арвоҳи ӯ ду ракаат намоз хонад ва дар ҳар ду намоз сураҳои Фотеҳа ва Ояталкурсиро як маротиба, сураи Такосур, яъне Алҳокро даҳ бор ва сураи Ихлосро як бор хонда, баъди адои намоз ин оятро бихонад. “Э бор Худоё, ба дурустии он ки ман намозро гузоштам ва ту медонӣ, ки ман чӣ ирода дорам ва савоби инро ба сӯйи майит бифирист, ки дорои аҷру савобҳост, ки ба ҷуз Худованд каси дигар намедонад. (ривояти Шайх Абдуқодири Гелонӣ)