arzon replenishment
Намоиши маҳсулоти кишоварзию саноатии тоҷик дар Олмон
334



Дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи 88-уми байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ «Ҳафтаи байналмилалии сабз» (International Green Week) идома дорад.

Дар намоишгоҳи мазкур маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва зарфияти иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон низ муаррифӣ мегардад.

Ҳайъати Тоҷикистон бо сарварии Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута ва намояндагони бахши хусусӣ бо даъвати Вазорати федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар ин намоишгоҳ иштирок намуданд. Намоишгоҳ 18-январ оғоз ёфта, то 28 январ идома хоҳад кард.
Дар гӯшаи миллии Тоҷикистон маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ, ҳамчунин нигораҳо аз гӯшаҳои табиати зебои мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии Форуми ҷаҳонӣ оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ (Global Forum for Food and Agriculture) ва Намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи сабз-2024” (IGW) иштирок намуданд.

20 январ дар шаҳри Берлин таҳти роҳбарии Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Ӯздемир Конфронси 16-уми вазирони кишоварзӣ зери унвони “Низомҳои озуқавории оянда: якҷоя барои ҷаҳони бе гуруснагӣ” баргузор гардид, ки дар он 65 вазири кишоварзӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD), Пажуҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти сиёсати ғизо (IFPRI), ширкати олмонии “BayWa” ва дигар шахсони расмӣ баргузор шуд. Аз натиҷаи конфронс изҳорот қабул гардид. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД