Дирӯз, 19-уми май дар доираи маросими ифтитоҳи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе (ICT WEEK-2026)» бахши намоишгоҳӣ ба яке аз қисми ҷолибу пурмуҳтавои рӯз табдил ёфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д. Р., муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзод Ҳ. Ш., муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нориён П. И., сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б. М., директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” Самадзод С., директои Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилооотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Муродзода З. О., намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, масъулони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ширкатҳои соҳаи алоқа, бахши технологияҳои рақамӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар меҳмонон иштирок намудаанд.
Ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳ боздид намуда, бо имкониятҳои мавҷудаи ҳар як муассиса, иқтидори илмиву инноватсионӣ, навгониҳои технологӣ ва тарзи татбиқи амалии лоиҳаҳо аз наздик шинос гардидаанд.
Дар ҷамъбасти бахши намоишгоҳӣ масъулон таъкид намудаанд, ки маҳз чунин намоишгоҳҳо муҳити зиндаи илмӣ ва эҷодиро дар пойтахт ташаккул медиҳанд ва барои тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии техникӣ ва саводи баланди рақамӣ замина мегузоранд.