Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025»
13.11.2025
Oila.tj
84

Аз 13 то 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии шаҳри Душанбе Намоишгоҳ - ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» баргузор мегардад.

Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони беш аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Чин иштирок хоҳанд кард.

Намоишгоҳи «Тоҷикистон-2025» универсалӣ буда, дар як майдон намояндагони бахшҳои мухталифи саноат, тиҷорат ва хизматрасониро гирди ҳам меорад.

Иштирокчиёни хориҷӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ мекунанд.

Миёни иштирокчиён:

• Ҷумҳурии Беларус - ҶСК УКХ «Белкоммунмаш», таҳиякунанда ва истеҳсолкунандаи нақлиёти барқӣ ва инфрасохтори ба он алоқаманд: троллейбусҳо, вагонҳои трамвай, автобусҳои электрикӣ (бо пуркунии зуд ва шабона), мошинҳои барқӣ ва стансияҳои пуркунандаи барқ.

• Покистон - ширкатҳое, ки дар соҳаҳои логистика, тиб ва дорусозӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, сувенирҳо, маҳсулоти косметикӣ ва гигиенӣ, хушбӯйӣ ва равғанҳои эфирӣ фаъолият доранд.

• Эрон - истеҳсолкунандагони масолеҳи инноватсионии сохтмонӣ, сейфҳо ва дарҳои ба оташ тобовар, сутунҳои равшаникунандаи кӯчаҳо, равғанҳои саноатӣ ва маҳсулоти ширии хушк, ки тавассути Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат меварзанд.

• Арабистони Саудӣ - ширкате, ки маҳсулоти нигоҳубини кӯдакон, косметика, маҳсулоти тозакунӣ ва нигоҳубини ҳайвонотро пешниҳод мекунад.

• Ҳиндустон - истеҳсолкунандаи пешбари таҷҳизоти сантехникӣ ва таҷҳизоти ҳаммом аз металл ва полимерҳои инженерӣ.

• Ӯзбекистон - зиёда аз 30 ширкати вилояти Самарқанд намудҳои гуногуни маҳсулот, аз ҷумла хӯроки ҳайвонот, маҳсулоти ширӣ, кимиёи рӯзгор, маснуоти пластикӣ, нассоҷӣ, маҳсулоти парандапарварӣ ва энергетикиро намоиш медиҳанд.

• Чин - ду ширкат иштирок мекунанд. Яке аз онҳо ба тарҳрезӣ, таҳия ва истеҳсоли насосҳои обӣ, насосҳо барои саноати маъдан ва дигар насосҳои саноатӣ машғул аст. Самти фаъолияти ширкати дуюм - сохтмони биноҳо, корҳои пудратӣ дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, сармоягузорӣ ва рушди лоиҳаҳои амволи ғайриманқул, инчунин сармоягузорӣ ва сохтмони инфрасохтор мебошад.

Ширкатҳои ватанӣ аз тамоми манотиқи Тоҷикистон низ ба таври васеъ намояндагӣ мекунанд ва маҳсулоту хизматрасониҳои инноватсионии худро муаррифӣ менамоянд.

Миёни иштирокчиёни ватанӣ:

ҶСП «Душанбе Сити Бонк», ҶДММ «Спитамен Иншуранс», ҶДММ «Шоколатиер», КВД «Саноатсодиротбонк», ҶДММ «Солеҳ Пластик», Донишгоҳи кушоди ОФИНУ - Донишгоҳи кушоди инноватсионии ғизо, ҶДММ «Рухом», ҶДММ «Титан 8888», ҶДММ «INSTAYG Inc», ҶДММ «Афзалият», «Кавсар Продукт», «Арча», «Ширкати Тина Санат», Гурӯҳи ширкатҳои «Фаровон», ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум», ҶДММ «Шамс-К», ҶДММ «Тоҷфилиз», ҶДММ «Довар-2015», ҶДММ «АДЛ», ҶДММ «Молочная радост», ҶДММ «Тоҷикэлектрокомплект», «Сиёма», ҶДММ «Шаҳлои Ватан», ҶДММ «Вежа Фарма», ҶДММ «Панацеа ЦМУ», ҶДММ «Меваи Заррин», ҶДММ «Нерӯи қанд», ҶДММ «Деҳаи ман» ва дигарон.

Тамошобинони намоишгоҳ метавонанд бо фаъолияти корхонаҳо шинос шуда, маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин туҳфаҳои ёдгориро харидорӣ намоянд.

Дар намоишгоҳ миссияҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Эрон низ иштирок хоҳанд кард.

Вақти кори намоишгоҳ: аз соати 9:00 то 17:00.

Дохилшавӣ ройгон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД