Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” оғоз ёфт
20.10.2025
Oila.tj
102

Имрӯз, 20-уми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор гардид.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ нашриёт ва ноширони Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Эрон, Чин, Туркия, Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок карданд. Китобҳо дар хаймаҳои алоҳида ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон тавонистанд бо адабиёти гуногун, аз илмӣ ва таълимӣ то бадеӣ ва кӯдакона шинос шаванд.

Намоишгоҳ то 22-юми октябр идома меёбад. Дар ин рӯзҳо ҳаводорони китоб ва дӯстдорони мутолиа имкони харидории китобҳои тозанашр ва мулоқот бо муаллифонро пайдо мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД