Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил гардидааст, ки то 31-уми май идома меёбад.
Дар ин намоиш-фурӯш занони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гирандагони гранти президентӣ ва соҳибкорзанон маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба фурӯш гузоштаанд.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд маҳсули дасти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ намоянд.