Аз 24 то 26-уми октябри соли 2024 дар Маркази байналмилалии намоишгоҳҳои шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2024” баргузор мешавад.
Намоишгоҳи мазкурро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардааст. Дар он намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Корея ва Покистон ширкат мекунанд.
Шумо метавонед бо маҳсулоти инноватсионӣ ва хизматрасониҳои нави ширкатҳои ватанию хориҷӣ аз наздик шинос шуда, онҳоро бо нархҳои нисбатан арзон дастрас намоед.
Намоишгоҳ ба густариши фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштирокчӣ ва таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ нигаронида шудааст.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 1 (назди Масҷиди Нав)
Телефон: 000 8888 10; 900 91 99 99
Шитобед, то аз маҳсулоту хизматрасониҳои нав бохабар шавед!