Замони мактабхониям дар китобе ин суханони пурҳикматро хонда будам: «Бист сол лозим аст, то як зан писарашро ба воя расонда мард созад, аммо барои зани дигар 20 дақиқа кифоя аст, ки ӯро хар бигардонад!»
Мақсади бо ин суханон оғоз намудани номаам писарам аст. Бо садҳо умеду орзу ӯро ба воя расонида ба шаҳр фиристодам, то дар донишгоҳ таҳсил карда, одами номдор шавад ва айёми пирӣ асои дастам гардад. Падараш ӯро ба хонаи аммааш бурд, то ки писарам азоби иҷоранишинӣ накашад. «Дар хонаи аммаат касе пишаки туро пишт намегӯяд» гуфта буд бо ифтихор шавҳарам рӯзи ба шаҳр сафар карданашон ба писарам. Азбаски писарам бо духтарҳои аммааш ба қавли худаш «ҷӯра» буд, хурсанд шуд, ки бо Муҳайёву Сурайё зиста асло зиқ намешавад. Хуллас, писарам ба шаҳр рафту як сол нагузашта моро фаромӯш кард, на ягон бор занг мезад, на ёди деҳа менамуд.
Як рӯз аммааш ба хонаамон меҳмонӣ омада гуфт: «Янга, биё сари Сомонҷонро ҷуфт кунем!» Ҳайрон шуда гуфтам: «Писари ман ҳоло хурд аст, нав ба 19 қадам мегузорад, зан гирифта чӣ кор мекунад? Ақаллан 23-24- сола шавад, баъд дар ин бора фикр мекунем-дия!» Хоҳаршӯям лабашро бурма карда ҷавоб дод: «Акаам туро дар 18 солагиаш гирифта буд, писаратон бошад ба 19 даромадааст, вай кӯдак-пӯдак нест, ҳарчи тезтар ӯро зан додан лозим!» Барои ба ин суҳбати дилгиркунанда нуқта гузоштан рост ба чашмонаш нигариста таъкид кардам: «Гуфтам-ку то 24- сола нашавад, писарамро зан намедиҳам!
Бигзор мард шавад, аз уҳдаи таъмини зиндагӣ мебаромадагӣ шавад, то баъди зангирӣ азоб накашад!» Қайсингилам пӯстинашро чаппа пӯшида дод зад: «Писарат дар он ҷо сари духтари маро гаранг карда гаштасту ту бошӣ, келин намекунам мегӯӣ янга! Сомони ту ба Муҳайё чунон ошиқи зор шудааст, ки дигар на дарс ба хотираш мерасаду на хондан, корашон рӯзи дароз парк ба парк гаштан аст.
Магар ту мехоҳӣ, ки ману шавҳарам ангуштнамои дӯсту душман гардем? Мардакам маро барои ҳал кардани ҳамин масъала ба ин ҷо фиристода, таъкид кард, ки ба акаат бигӯй, хостгор фиристода, Муҳайёро бо Сомон номзад созад, то мардум ба ҳоламон наханданд…» Даҳонам канд. Асабҳоям хароб шуда бошанд ҳам, меҳмонро бо лаби пурханда гусел кардам ва ба писарам занг зада асли гапро пурсон шудам. Маълум шуд, ки аммааш кайҳо сари писарамро гаранг кардааст. Очаю духтар писарамро хар карда мондаанд, Сомони ман ду пояшро ба як мӯза андохта: «Муҳайёро мегирам» гуфта истодааст. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки ман он духтари чалфасро келин карданӣ нестам, шунидан намехоҳад. Се моҳ боз ҳамин моҷаро давом дорад.
Сомони Маҷнунсифати ман аз рӯйи духтари танбалу ноуҳдабарои аммааш бо ман, бо модаре, ки ӯро ба дунё оварда, чандин сол ранҷ кашида, калон кардааст, қаҳрӣ шудааст. Занг намезанад, занг занам, ҷавоб намедиҳад. Намедонам чӣ хел писарамро аз Муҳайё ҷудо кунам.
Хонандагони азиз, илтимос, ба мани муштипар маслиҳат диҳед!
Файзигули Хуҷандӣ.