gazprom august 2025
Нақлиёти ҷамъиятии Душанбе пурра ба пардохти ғайринақдӣ мегузаранд
04.09.2025
Oila.tj
148

Моҳи сентябр ҳамаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе вазифадор шудаанд, ки дар мошинҳои худ POS-терминал (валидатор) насб намоянд.

Ин дастгоҳ барои пардохти ғайринақдӣ истифода мешавад ва ба мусофирон имкон медиҳад, ки бо корт ё дигар василаҳои электронӣ роҳкиро супоранд ва расид гиранд.

Валидаторҳоро худи ронандагон мехаранд, аммо насб ва хизматрасонии минбаъдаи онҳо ба дӯши ширкати “Citycard” гузошта шудааст. Нархи як валидатор 2 ҳазору 800 сомонӣ, ҳақи хизматрасонии моҳона 30 сомонӣ муқаррар шудааст.

Барои мусофирон истифодаи пардохти ғайринақдӣ на танҳо қулайтар мегардад, балки вобаста ба намуди кортҳои пардохтӣ, тахфиф низ пешбинӣ шудааст. Яъне маблағи пардохт камтар аз роҳкирои нақдӣ хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД