arzon replenishment
НАХУСТНАБЕРАИ АРНОЛД ШВАРТСЕНЕГГЕР БА ДУНЁ ОМАД
23.08.2020
ОИЛА
1196

 

Кэтрин Швартсенеггер, нависандаи 30-солаи амрикоӣ ва шавҳараш Крис Прэтт, ҳунарманди 41-солаи амрикоӣ фарзанди деринтизори худро ба даст гирифтанд. Овозаи ҳомиладории Кэтрин Швартсенеггер, духтари калонии ҳунарманди 72-солаи амрикоӣ Арнолд Швартсенеггер ҳанӯз моҳи апрели имсол расонаӣ шуда буд.

“Аз оне ки номи духтарчаамонро ба шумо эълон мекунем, хеле хушҳолем. Ба ӯ Лайло Мария Швартсенеггер Прэтт ном гузоштем. Модару кӯдак худро хуб ҳис мекунанд. Мо хеле хушбахтем”,-навиштааст Крис Прэтт. Мария, номи дувуми навзод ба хотири бибияш Мария Шрайвер, собиқ ҳамсари Арнолд Швартсенеггер номгузорӣ шудааст.

Лайло Мария Швартсенеггер Прэтт барои Кэтрин нахустин фарзанд, барои Арнолд нахустин набера ва барои Крис дувумин фарзанд ба ҳисоб меравад. Крис Прэтт аз ҳамсари аввалааш бо номи Ҷек Прэтт як писар дорад.

Ёдовар мешавем, ки Кэтрин ва Крис 8-уми июни соли 2019 оиладор шуда буданд. Арнолд дар синни 72-солагӣ бобо шуд ва аз таваллуди наберааш хеле шод аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД