Arzon march 2024
Нахустин Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”
570

Ҷаҳонгир Дадаҷонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори Шоҳҷоиза гардид.

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” доир шуд.

Дар маросими тантанавӣ Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фарҳод Раҳимӣ - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Дилбар Одилзода - муовини Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, волидайн ва наздикони ғолибон ширкат намуданд.

Матлубахон Сатториён дар маросими чорабинӣ иброз намуд, ки “барои ҷамъбасти муваффақонаи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз номи сарпарасти он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ ва дар омӯзиш, таҳқиқ ва рушди илм барору муваффақиятҳо таманно дорам”.

“Соли 3-юм аст, дар баробари дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад. Умед дорем, ки сол ба сол сафи иштирокчиёни озмун зиёд мегардад”, - зикр кард муовини Сарвазири мамлакат.

Ёдовар мешавем, ки дар се соли баргузории озмун ин якум Шоҳҷоза мебошад, ки ба соҳибаш расид. Давоми ду соли баргузории озмуни мазкур ягон нафар соҳиби Шоҳҷоиза нагардида буд.

Озмун аз рӯйи 7 номинатсия: математика; физика ва астрономия; химия; биология; география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар 4 давр моҳҳои апрел - октябр гузаронида шуд.

Соли ҷорӣ бори аввал озмун байни хонандагони муассисаҳои типи нав - литсейҳо ва гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор гардид. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд гардида, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил дод.

Инчунин, ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли равон дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3 аз ду нафар ба се нафар зиёд карда шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд.

Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб шуданд, 49 адад зиёд шуда, 84 ададро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, маблағи умумӣ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории даври чоруми озмун чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 як миллиону ҳафтсаду чил ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бо дастури Пешвои миллат соли равон барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” имтиёзи махсус пешбинӣ гардид, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун - хонандагони синфи 11 ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.

Ҳамчунин, ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3-и даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қабул мешаванд.

Мавриди тазаккур аст, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар айни замон дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД