goodwell
Наход модар ба як рӯймол наарзад?
08.08.2026
Oila.tj
193

Ман латтафурӯш ҳастам. Солҳо боз матоъ, рӯймол, парда, кӯрпаю кӯрпача ва дигар лавозимоти рӯзгорро бардошта, аз кӯча ба кӯча, аз дар ба дар мегардам. Кори ман танҳо хариду фурӯш нест. Дар ҳар хона сарнавиште мебинам, дар ҳар дарвоза қиссае мешунавам. Баъзан шодии мардумро мебинам, гоҳе ашки пинҳонии онҳоро. Аммо воқеае, ки чанд рӯз пеш дидам, то ҳол аз хаёлам намеравад.

Ба як ҳавлӣ даромадам. Ҳавлии одӣ, вале тозаву озода. Модари солманде бо чеҳраи хаставу пурмеҳр ба молҳои ман назар мекард. Нигоҳаш рӯйи як рӯймоли зебо қарор гирифт. Онро ба даст гирифта, бо завқ гуфт:

- Бачам, ҳамин рӯймол бисёр зебо будааст, бароям гирифта деҳ.

Писараш, ки дар гӯшаи ҳавлӣ машғули кораш буд, ҳатто ба модар нигоҳ накарда, бо оҳанги тунду дағал ҷавоб дод:

- Дирӯз нафақаатро барои бачаҳои духтарат сарф кардӣ. Барои бачаҳои ман чӣ харидӣ?

Модар андаке сукут кард. Дар чашмонаш ҳам хиҷолат буд, ҳам меҳр. Бо овози паст гуфт:

- Писарам, хоҳарат меҳмон буд. Аз нафақаи моҳи оянда барои фарзандони ту ҳам ширинӣ мегирам. Ҳамин рӯймол арзон аст, гирифта деҳ...

Аммо ҷавоби писар аз пештара ҳам сахттар буд:

- Ҳозир пул диҳам, келинат ҷанҷол мекунад.

Ин суханон мисли ханҷар ба дилам заданд. Дар чеҳраи модар ҳазор ҳарф мехондам: ранҷи солҳои ҷавонӣ, шабҳои бехобӣ, заҳмати калон кардани фарзанд... Ва имрӯз барои як рӯймоли арзон маҷбур буд аз писараш илтиҷо кунад.

Аз рӯйи эҳтиром гуфтам:

- Хола, ин рӯймолро аз ман туҳфа қабул кунед.

Модар бо вуҷуди ҳолати сангинаш табассуме кард ва оромона гуфт:

- Не, писарам, ту ҳам инро бо пул мехарӣ. Ман онро гирифта наметавонам. Ин даъфа биё пул шавад, насиб мегирам. 

Аз он хона бо ҳолати вазнин баромадам. Дар роҳ танҳо як андеша маро ҳамроҳӣ мекард: наход модаре, ки тамоми умрашро барои фарзанд бахшидааст, дар пирӣ барои як рӯймол ин қадар озурда шавад?

Имрӯз мо аз камранг шудани меҳру муҳаббат дар ҷомеа шикоят мекунем. Вале меҳрубонӣ аз хонаи худи мо оғоз мешавад. Агар фарзанд ба модари худ сухани нек гуфта натавонад, аз дигарон чӣ интизор метавон шуд?

Падару модар дар ҷавонӣ ба мо беҳтарин солҳои умрашонро мебахшанд. Пирӣ бошад, вақти бозпас додани он муҳаббат аст. Бигзор ҳеҷ модаре барои як рӯймоли арзон назди фарзандаш худро хору зор эҳсос накунад. Қадри падару модарро то ҳастанд, бидонем, зеро рӯзе, ки ҷояшон холӣ монд, ҳеҷ пушаймонӣ дигар онҳоро бозпас намеорад.

МУРОДАЛӢ, н. Бобоҷон Ғафуров

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД