Наимҷони Сайдалӣ аз ҷумлаи сарояндагони маҳбуб ва маъруфи тоҷик мебошад, ки зиёда аз даҳ сол мешавад рӯйи саҳна аст. Асосан, мардум ӯро ҳамчун сарояндаи сурудҳои ғарибӣ шинохту қабул кард, аммо бо гузашти солҳо сурудҳояш дар мавзуъҳои гуногун низ шунавандаи зиёд пайдо карданд.
Чанд вақти охир ҳамчун сароянда камтар фаъол аст ва вақту қувваашро ба шогирдонаш мебахшад. Ҳамчун продюсер дасти чандин ҷавононро гирифта, роҳашонро ҳамвор кард. Инчунин, ҳамчун блогер дар шабакаи Ютуб молики яке аз саҳифаҳои сербинанда бо обуначиёни зиёд аст.
Мо бо Наимҷон доир ба камнамо шудан дар саҳна, махсусияти продюсерӣ, кумакҳояш ба сарояндагони ҷавон ва фазову муҳити Ютуб суҳбат кардем.
“Солҳои пеш шунавандаҳо самимӣ буданд...”
- Вақтҳои охир ҳамчун сароянда қариб, ки фаъол нестед.
- Дуруст мегӯед, хеле вақт шуд, ки ба ҳайси сароянда хеле кам намоён мегардам. Аммо анъанаи сарояндагиам, ки ҳар сол як маротиба дар арафаи Рӯзи Модар консертамро ташкил мекунам, аз байн нарафтааст. 12 сол мешавад, ки рӯйи саҳна ҳастам ва шукр 12 маротиба дар ин рӯзи муҳим барои тамоми мухлисонам консерти яккаамро баргузор намудаам. Ногуфта намонад, ки дар консертҳоям сурудҳои нав ҳам ҳастанд.
- Чаро махсус ҳар сол дар рӯзи 8-уми март консерт мемонед?
- Консерти аввалинамро дар шаҳри Душанбе рӯзи 8-уми март ташкил карда будам ва бароям ин анъана шуд. Иди модарон баҳонаи хубест, ки мухлисонам шодӣ кунанд.
- Нагуфтед, ки сабаби асосии бисёр кам сурудҳои нав омода карданатон дар чист?
- Яке аз сабабҳо ин аст, ки бисёри сурудҳоеро, ки бояд худам бисароям, ба шогирдонам медиҳам.
- Бо сурудҳои ғарибӣ то ҳадде машҳур гашта будед, ки дар ҳама хонадони тоҷик сурудҳои шуморо гӯш мекарданд. Чаро солҳои охир чунин сурудҳои мондагор дигар таҳия намекунед?
- Бале, маро маҳз бо сурудҳои ғарибӣ мардум шинохтаву қабул карданд. Аммо он вақтҳо мавзӯи “Ғарибӣ” доғ буд ва мардум таваҷҷуҳи хеле зиёд мекард. Албатта, ҳар сароянда кӯшиш мекунад, ки тӯли фаъолияташ сурудҳои мондагор бисарояд ва ман ҳам истисно нестам. Дар оянда кӯшиш мекунам, ки сурудҳои хубу дилнишин манзури мухлисонам гардонам.
- Ҳозир суруди ғарибӣ хондан доғи рӯз нест ё умуман, чаро сурудҳои ғарибӣ дар эстрадаи мо кам шуданд?
- Наметавонем пурра сурудҳои ғамангезу ғарибӣ бисароем, акнун сурудҳои дигар хондан мехоҳам.
- Метавонем бигӯем, ки сарояндагӣ ба шумо душворӣ кард?
- Аслан, ҳама кор душворӣ дорад, аммо бояд мо онҳоро паси сар кунем, таслим нагардем.
- Бовар доред, ки агар бори дигар кӯшиш кунед, ҳамчун сароянда мисли солҳои пеш шунавандаи зиёд пайдо мекунед?
- Ман ба фикре ҳастам, ки шунавандаву мухлиси чанд сол пеш аз ҳоло хеле фарқ мекунад. Ва сад маротибаи дигар машҳур шавӣ ҳам, дигар он шунавандаҳоро пайдо карда наметавонӣ.
- Шунавандаҳои солҳои пеш аз ҳозир чӣ фарқ доранд?
- Солҳои пеш шунавандаҳо самимӣ буданд, ҳозир бошад, самимият хеле кам аст.
“Вақту қувваамро ба Шердил бахшидам”
- Ҳамчун продюсер хеле муваффақед. Бо кумаки шумо чандин одамон роҳи санъатро интихоб карда, муваффақ шуданд. Сабаби асосии ёрӣ расониданатон чист?
- Мақсади асосии ман аз дастгирии шогирдон ин аст, ки онҳо дар ин соҳаи душвори санъат роҳи худро пайдо намоянд ва хизматгори Ватану волидон бошанд.
- Шумо аз ҳама зиёд ҳамчун продюсер ба Шердил кумак кардед ва ҳоло ӯ хеле маъруф аст. Оё бовар доштед, ки як кӯдакро чунин машҳур карда метавонед?
- Албатта, боварӣ доштам, зеро фикр мекунам, агар боварӣ набошад, инсон дар ягон соҳа муваффақ намешавад.
- Барои омода кардану то ин сатҳ расонидани Шердил шумо чӣ корҳоро ба анҷом расонидед, оё мушкил набуд?
- Роҳи санъат ҳамеша душвор аст ва бидуни мушкилӣ ҳеҷ коре амалӣ намегардад, махсусан корҳои калон. Аммо шукри Худо, бо кӯшишу заҳмати зиёд ба нақшаҳоямон расидем ва мардум Шердилро бисёр зуд ва хуб қабул кард.
- Боз ҳамчун продюсер кадом соҳибистеъдодҳои ҷавонро дастгирӣ ва то андозае маъруф кардед?
- Хеле зиёданд. Аз ҷумла, Муҳаммадҷон ва Муин, ки дар фазои маҷозӣ шинохта шудаанд ва мухлисони худро доранд.
- Метавонем бигӯем, ки шумо Шердилро ҳамчун овозхон муаррифӣ кардед, аммо санъати худатонро ба қафо партофтед?
- Албатта, ин хулосаи шумост, аммо ҳамин тавр аст. Солҳои охир қисми зиёди вақту қувваамро ба Шердил бахшидам.
- Дар аввал ба сурудҳои Шердил намоҳангҳои зиёд мегирифтед, аммо ҳоло не, чаро?
- Пештар ӯ кӯдак буд ва кӯшиш мекардем, ки ҳама корашро анҷом диҳем, вале ҳоло хеле калон шудааст ва бояд худаш бархе корҳоро иҷро кунад. Албатта, ин гуфтаи ман маъноеро надорад, ки пурра мустақил шаваду мо дигар дастгирӣ намекунем, балки бо кумакҳои мо ҳам бошад, бояд худаш бисёртар кӯшиш кунад.
“Ба хотири мухлисон”
- Саҳифаи шумо дар Ютуб яке аз саҳифаҳои сербинанда бо шумори зиёда аз 740 ҳазор обуначӣ аст. Аммо чаро мисли пештара фаъол нестед, барномаҳо таҳия намекунед?
- То соли 2022 дар Ютуб аз ҳисоби тамошои наворҳоямон фоидаи моддӣ ба даст меовардем ва ин ба мо имкон медод, ки ба сабту таҳияи барномаҳои гуногун машғул шавем, вале чун дигар фоида нест, ҳаракатамон низ кам шудааст.
- Чаро саҳифаи Ютубатонро ба Шердил додед ва ба номи ӯ кардед?
- Фикр кардам, ки шавқаш зиёд мешавад ва кори зиёд мекунам, аммо тавре шоҳид ҳастед, бовариамонро бароварда накарда истодааст, ҳаракатҳояш кам ҳастанд.
- Ҳоло зиёдтар Шердил дар Ютуб аз барномаи “Чат-рулетка” навор таҳия мекунад. Оё аз ин кор фоидае ҳаст?
- Хозир аз Ютуб фоидаи пулӣ нест, вале ба хотири мухлисон ин корро мекунад.
- Дар умум, чӣ нақшаҳо доред, оё сурудҳои нав аз шумо интизор шаванд мухлисонатон?
- Албатта, сурудҳои навро интизор шаванд ва мисли ҳарсола 8-уми марти соли 2025 консерти навбатии маро интизор бошанд.