Arzon march 2024
Набзи Душанбе таъсис ёфт
442

Дар Рӯзи матбуоти тоҷик шумораи аввали маҷаллаи «Набзи Душанбе» ба чоп расид. Он таҷассумгари ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе аст.

Гуфта мешавад, ки маҷалла бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр шуда, хонандагон аз муҳтавои он бо пешрафти истеҳсолот ва ободкориву зебоиҳои пойтахт огоҳ мешаванд.
Ба баёни Муҳиддин Идиев, сармуҳаррири маҷалла, бо шарофати соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ҳамарӯза рушду нумуъ намуда, даҳҳо иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, симои пойтахт ба куллӣ дигаргун гаштааст. Ҳадафи таъсиси маҷалла низ инъикоси талошҳои шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ аст.

Дар маҷалла вобаста ба сохтмони роҳу пулҳои замонавӣ, иншооти барҳаво, беморхона ва мактабҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар самтҳои тараққинамудаи пойтахт мақолаву гузоришҳо нашр мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД