Sebiston new 2024 october
Наҷас чист ва чӣ ҳукм дорад?
18.02.2022
Оила
1128

Мо дар хона як гурбачаи хеле зебо дорем, ки бисёр эркача шудааст. Ҳайвони бечора аз рӯйи одат худро мудом ба тани ҳама аъзоёни оила молида мегардад ва мехоҳад силаву навозишаш кунем, вале кампири бибиам ба ин ҳайвони бе забон душман шуда, ҷойи куштани гурбаро намеёбад. Ин наҷас мудом ба косаву табақ даҳон зада, ҳамаи ҷойро ҳаром ва бе намоз мекунад гуфта, кампир ҳар рӯз бо мо ҷангу ҷидол мекунад, ки гурбаро тезтар гӯру гӯм кунем. Дирӯз бечора гурбача ба оби таҳораташ даҳон задаст ё зарфро бӯй кашидааст. Аз рӯйи ҳамин як кори ночиз бибиам қиёматро қоим кард, ки садқаи мусалмонӣ шавед, фардои қиёмат аз рӯйи ин наҷас рӯйи ҳамаатон сиёҳ мешавад. Илтимос, бигӯед, ки наҷас чист ва чӣ ҳукм дорад?
Мадина, н. Рӯдакӣ

Посухи домулло Ҷамлиддини Хомӯш
Хун , зардоб, пешоб ва дигар чизеҳое, ки аз бадани инсон хориҷ мешавад, аз нигоҳи шаръӣ наҷас хонда мешаванд. Ин чизҳо оби таҳоратро бенамоз мекунад. Фук задани ҳайвонҳое, ки пасмондаи онҳо барои хӯрдан ҳаром аст, ҳамчунон наҷас шумурда мешавад. Одам аз оби таҳорат нӯшад, об макруҳ намешавад, вале гурба ё саг ба ин об даҳон занад, албатта об ҳаром мешавда, чунки ин аллакай наҷас аст. Ҳайвонҳое, ки хӯрдани гӯшти онҳо иҷоза дода шудааст, аз ҷумла буз, гӯсфанд, гов дар оби таҳорат фук зананд, обро бенамоз намекунад. Нигоҳ доштани гурба дар хона аз назари ислом номумкин ё гуноҳ нест, вале кӯшиш кунед, ки ҳайвон ба дегу табақ ва зарфҳои дигаре, ки аз онҳо истифода мебаред, даҳон назанад ва ба оби таҳорат наздикӣ накунад. Аз нигоҳи тиббӣ ҳам ба зарфҳои мавриди истифодаи аҳли оила даҳон задани ҳайвонот мумкин нест, чунки метавонад касро ба ҳар хел бемориҳо гирифтор созад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД