Соле қабл волидонам маро бо Некқадам оиладор карданд. Шавҳарам ҷавони ситорагарму пасту баландии зиндагиро мефаҳмидагӣ аст, вале модараш дағалгуфтору чизпараст будааст.
Аз рӯзи аввали арӯсӣ ҳамеша ба ман мегуфт, ки падару модарат бо як паласи оддӣ туро ба писари мо доданд. “Зеби писари ман духтаре буд, ки тамоми ашёҳои хона, аз телевизор сар карда, то қолинҳои хушранг, дивану ҷевонҳои зебо оварда, хонаамро зебо мекард. Чашми писарам кӯр шуда, туро гирифт, садқаи хонаву дарам шавӣ...”
Ин суханҳое буд, ки дар як рӯз се бор аз забони хушдоманам мефаҳмидам.
Шавҳарам ҳамеша мегӯяд, ки ба модарам аҳамият надеҳ, муҳим туро ман дӯст медорам ва ҳар чизе гуфт, сабур бош.
Хулоса, хушдоманам дар чанд соли зиндагиямон на хӯрокамро мехӯраду на ба рӯям нигоҳ мекунад. Мудом духтарашро хоҳиш мекунад, ки хӯрокашро дар алоҳидагӣ омода кунад ва таги пою хонаву дарашро келин не, духтараш рӯбад. Бовар кунед, рафтори хушдоманам маро сахт нороҳат мекунад. Бо оби дида пайваста хизматашро мекунам, аммо сухани баду ҳақорат мешунавам. Дар ҳақиқат ман аз оилаи камбағал ҳастам. Падару модари фақир дорам, ки бо азоб нонашонро аз саҳро меёбанд. Бародар надорам, ки Русия рафта, барои хушбахтии хоҳараш мисли дигарон ашёҳои лозимаи арӯсиро бихарад. Соҳиби гулписар шуда бошам ҳам, то имрӯз хушдоманам ва духтараш ба рӯйи писарам нигоҳ накардаанд. Ба хонаи падару модарам рафтанӣ шавам, гӯши шавҳарам аз дашноми модараш кар мешавад.
Борҳо гуфтам, ки “Некқадам, модоме модарат розӣ набошад, ҷавобамро деҳ, ба дили модарат зани сарватманд ёб”, аммо шавҳарам аз суханҳоям сахт ранҷида гуфт, ки дубора ин суханро аз забонат нашунавам. Ҳамроҳи шавҳарам ду моҳ омада, дар хонаи падарам зиндагӣ кардем, вале дар деҳа гапу калочаи зиёд паҳн шуд. Хушдоманам моро бад карда мегашт. Шавҳарам дид, ки намешавад, боз маро ба хонаашон овард. Бори аввал одамеро мебинам, ки аз гуфтори бад хаста намешавад.
Дугонаҳои азиз! Гуларӯсони оянда, қабл аз он ки пой ба остонаи дари шавҳар мегузоред, аввал тамоми чизу чораи даркориро харида баред, то ки мисли ман як умр дар балои хушдоманатон намонед!
Сайлӣ, аз Файзобод