1xbet
Мӯзадӯзи пурҳунар
181

Қаҳҳорбердӣ Худойшукуров муддати зиёд аст, ки маҳсиву мӯзаҳои гуногун медӯзад. Маҳсули дастони ин марди пурҳунар кайҳост, ки вориди бозори ватанӣ гардида, таваҷҷуҳи харидорони зиёдро ҷалб намудааст. Ӯ дар баробари мӯза маҳсиҳои гуногун низ дӯхта, барои ҳифз ва рушду нумӯи ин ҳунари қадима саҳм мегузорад.

Мероси ҳафт пушт

Қаҳҳорбердӣ Худойшукуров соли 1955 дар оилаи косибони Истаравашан таваллуд шуда, ба камол расидааст. Падару бобо ва ҳафт пушти дигараш маҳсидӯз гузаштаанду ӯ ин пешаро ба худ мерос гирифтааст. Ин марди гулдаст солҳост, ки дар баробари маҳсӣ мӯзаҳои гуногун низ медӯзад.

"Маҳсидӯзӣ бароям ҳунари меросист. Хурд будам, ки падару бобоям маҳсӣ медӯхтанд. Маҳсули дастони муъҷизаофари онҳо боис гашт, ки ин пешаро омӯзам. Баъдан муддате дар идораву корхонаҳои давлатӣ кор кардам. Меҳри ҳунар ки буд, дар вақтҳои холигӣ пайваста ба ҳунармандӣ машғул мешудам. Бо мурури замон мӯзадӯзиро низ омӯхтам. Ҳоло қариб 25 сол мешавад, ки дар баробари маҳсӣ мӯзадӯзӣ низ мекунам",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Замоне барои маҳсиву мӯзаҳои гуногун талабот зиёд буду марду зан мепӯшид. Маҳсули дасти косибони Истаравшанро на танҳо аз манотиқи кишвар, балки аз хориҷа низ мехариданд. Талабот ба маҳсиҳои хушсифати Истаравшан зиёд буд. Қаҳрамони мо низ ҳамроҳи падараш маҳсиҳоро ба шаҳрҳои Зомину Ҷиззахи Ӯзбекистон бурда, мефурӯхтанд.

Навъҳои маҳсиву мӯза

Мӯзаву маҳсӣ намудҳои зиёд доранд. Мӯзаи корӣ, шоҳона, аспсаворӣ, соқбаланд, соқпаст ва маҳсиҳои амиркон, каромат, занонаву мардона ва маҳсиҳои мӯйин. Қаҳрамони мо аз уҳдаи дӯхтани ҳамаи навъи мӯза хуб мебарояд. Вале ӯ бештар ба мӯзадӯзӣ машғул аст.

"Мо дар гузашта бисёртар маҳсӣ медӯхтем. Зеро марду зан, ҳатто кӯдакон маҳсичаҳои мӯйин мепӯшиданд. Дар бисоти арӯс низ як ҷуфт калӯшу маҳсӣ мегузоштанд, ки онро нахустин рӯзи арӯсӣ мепӯшид. Имрӯз низ ин анъана ҳаст. Дар бисоти арӯс маҳсӣ мемонанд. Маҳсӣ хусусияти маъракавӣ низ дорад. Онро дар рӯзи азо ва дигар маъракаҳо мепӯшанд",- гуфт ҳунарманди чиррадаст.

Назар ба гуфти бобои Қаҳҳорбердӣ пештар як навъи пойафзол, яъне мӯза урф буд. Пиру барно мӯза мепӯшиданд. Вале бо нақшу нигор, тарзи сохт ва сифаташон аз ҳамдигар фарқ доштанд.

"Мӯзаҳои шоҳон ё ашрофзодагон зардӯзӣ, нуқракорӣ ё бо чармҳои ранга оро ёфта буданд. Мардуми одӣ мӯзаҳои якранг мепӯшиданд. Имрӯзҳо фақат мӯзаҳои корӣ ва аспсаворӣ боқӣ мондааст ва талабот танҳо ба ҳамин навъ ҳаст",- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфти ҳунарманд, дар гузашта ва имрӯз низ деҳқон бе мӯза ба саҳро намерабояд. Зеро мӯза аз хазанда, алафҳои заҳрнок, хору санг ва дигар чизҳои зараррасон ҳифз мекунад.

Кори мушкил, вале роҳатбахш

Қаҳҳорбердӣ Худойшукуров мегӯяд, ки барои дӯхтани як ҷуфт мӯза ҳафтаҳо сарф мешавад. Вале ин кори мушкил барояш роҳатбахш аст. Зеро кор барои инсони меҳнатдӯст истироҳат аст.

Ҳунарманд тарзи дӯхтани мӯзаро чунин шарҳ дод: "Барои мӯзадӯзӣ аввал аз рӯйи қолибҳо чармро мебурем. Онро ба ҳамдигар дӯхта, болои мӯзаро тайёр мекунем. Сипас ба он таг мечаспонем. Тагу болои мӯзаро ба ҳам дӯхта, мехча мезанем. Баъдан тавассути асбоби мехкуш мехчаҳояшро қат мекунем. Дохили мӯза қолиб 5-6 рӯз меистад. Қолибро гирифта, мӯзаро бо асбобҳои махсус суфта ва бо чармҳои сурху зард гулкорӣ мекунем. Аз оғоз то анҷом мӯзадӯзӣ пурра дастӣ сурат мегирад".

Ба гуфти Абдуқаҳҳор Худойшукуров, барои дӯхтани мӯза 15-20 асбоб истифода мешавад. Муҳимтаринаш қайчӣ, корд, дарафш, сӯҳон, сӯзан, қайроқсанг, анбӯр, болғача, мехкуш мебошад.

Ба мӯзаҳои дастидӯхти Қаҳҳорбердӣ Худойшукуров имрӯзҳо низ талабот ҳаст. Ӯ бештар тавассути фармоиши мизоҷон мӯзаву маҳсӣ медӯзад ё таъмир мекунад. Ба маҳсули дастони ин ҳунарманди гулдаст аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлобу Хуҷанд ва Деваштичу Шаҳристон мизоҷон фармоиш медиҳанд.

Марди пуркору пурҳунар Қаҳҳорбердӣ Худойшукуров касбашро ба фарзандону наберагон омӯзонидааст. Ӯ мехоҳад ин ҳунари қадима чи хеле, ки мерос омад, ба наслҳои оянда низ мерос монад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД