shoh palace
Мӯйсафедони шайтонсират духтар шикор мекунанд
16.12.2021
Зебо
3995

Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ!
Ростӣ, ман мухлиси ин сомона нестам, аниқтараш набудам, чунки пештар гоҳ-гоҳ ба Оила. ТЧ ворид шуда, маводҳояшро мехондаму фикр мекардам, ки сохтаву бофтаанд, вале чанд рӯз пеш худам ба ҳодисае дучор гаштам, ки ҳуш аз сарам парид. Акнин фаҳмидам, ки Оила беҳуда чунни ҳодисаҳоро наменавиштааст. Хулоса, гапро дароз накарда, ҳодисаро нақл мекунам, худатон хонед ва қазоват кунед.
Дар истгоҳ интизори маршруткаи хатсайри 16 будам. Қасд крадагӣ барин дар исигоҳ касе набуд. Баногоҳ як марди синну солаш ба ҷое расида пайдо шуд ва аз ман соат пурсид. Телефонамро бароварда вақтро гуфтам. Пирамард ба ман наздиктар шуда пурсид: «Донишҷӯйӣ духтарҷон?» Ягон гумони бад набурда тасдиқ кардам.
«Парво накун, ман ба ту пул медиҳам, имтиҳонҳоятро мегирӣ»-тарошаи аз бом афтодагӣ барин гуфт пирамарди ношинос. Ҳайрон шуда, барои риштаи суҳбатро ба дигар тараф кашидан ба куҷо равон буданашро пурсон шудам. «Ман ту барин паричаҳоро мекобам, шумоёнро дида бачагиям ба ёдам меояд. Бо шумоён, духтаракони сарвқомат суҳбат карда ҷавон мешавам»,- даҳонашро инҷ карда гуфт мӯйсафед ва хоҳиш кард: «Дастам намерасад, духтарҷон, гарданамро чизе газида истодааст, канӣ бин, мабодо ягон ғундаи зардор набошад”. Як назар карда гуфтам, ки чизе нест. «Поёнтарашро бин, чизе роҳ гашта истодааст”-зорӣ кард мӯйсафед. Ночор гиребони борониашро поёнтар карда дидам ва ин дам дастам ба гарданаш расид. «Оҳ, ҷонум дар дастакои мулоимакуте, дастакот чунон роҳатбахшанд, ки дилам гум зад! Биё, қати ман равем, чанд суме, ки хоҳӣ, метиям”-беибо пешниҳод кард пиракии аҳмақ.
Хун ба сарам зада, бо нафрат ба сараш дод задам: «Худо ҷазоятро диҳад, мӯйсафеди бешараф! Ман набераат мешавам, магар аз Худо шарм намедорӣ, ки ба ман чунин гапҳои ҳаромро мегӯӣ…»
Мӯйсафед заррае шарм надошта, ҳамоно зорӣ мекард: «Ҷонаки ширини бобо, не нагӯй, чӣ қадар пуле, ки хоҳӣ, медиҳам! Ана бин, кисаҳои бобот пур-пури пуланд…»
Вай даст ба ҷайбаш бурда аз кисааш пул баровард. Дидам, ки намешавад, ҷонҳавл рӯ ба гурез ниҳодам. Пулҳои бобояки худобехабари духтарбоз дар дасташ дар ҳаво муаллақ монданд.
Аз байн чанд рӯз гузашта бошад ҳам, то ҳол қаҳру аламам паст намешавад. Ростӣ, намедонам он мӯйсафед девона буд ё ҳушёр, вале ҳар гоҳ суханони он пиракии беҳаё ба ёдам расанд, беихтиёр аз чашмонаш ашк ҷорӣ мешванд. Ба худ лаънат мехонам, ки чаро бо он мӯйсафеди шайтонсират гап задам.
Ин ҳодисаро барои он нақл кардам, ки духтаракони ҷавон эҳтиёт бошанд ва ба доми чунин шайтонҳои дупо наафтанд!
М. З, сокини пойтахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД