Чаро мӯйҳои бо ранг коркардшуда ба нигоҳубини махсус ниёз доранд?
Интихоби нигоҳубини дурусти мӯй, новобаста аз он, ки шумо ранг мекунед ё не, аз муайян кардани намуд ва ҳолати мӯйи шумо дар айни замон оғоз мешавад. Мӯй метавонад хушк ва равғанӣ ё ғафсу тунук бошад ва агар шумо хоҳед, ки мӯйи худро солим ва зебо нигоҳ доред, ҳамаи ин омилҳоро бояд ба назар гиред. Вақте ки мӯятонро ранг мекунад эҳтимоли ковок шудан, хушк шудан ва шикаста шудани мӯй дар назар аст. Онҳо аксар вақт дурахшон пурҷило ва табии будани худро гум мекунанд. Агар шумо ба нигоҳубини мӯйи рангкардашуда беэътиноӣ кунед, мӯятон ба як тӯдаи коҳ табдил меёбад, ки ҷолибияти худро гум мекунад.
- Агар мӯятонро ранг карда бошед ҳамеша онро аз таъсири нури офтоб муҳофизат кунед. Нурҳои офтоб пигменти табиӣ ва сунъиро мемесӯзонанду баъдан ба сохти мӯй зара мерасонанд.дар натиҷа мӯйҳо хушки шикаста ва бе ранг мешаванд. Барои аз нурҳои офтоб ҳифз кардани мӯй аз спрейҳои муҳофизати истифода баред. Агар мӯйҳоятон аллакай аз нури офтоб осеб дида бошанд, барои барқарор сохтани ҳолати пешина аз ниқобу балъзамҳои барои муҳофизати офтоб истифода баред.
- Баъд аз он ки мӯятонро ранг мекунед, мӯйрангкунанда бояд ба шумо баъд аз рангкунӣ тарзи дурусти нигоҳубинӣ мӯйро нишон диҳад. Дар аввал аз шустани сар бо оби ҷӯш, оби хлордошта ва шӯр ҳолати худдорӣ намоед. Таъсири обҳои ҷӯш, хлордошта ва шӯр ҳолати мӯйҳоятонро бад мекунад. Аз шампунҳои нармкунанда ва безараре ки ранги мӯйро тоза намекунад истифода баред. Ва инчунин ба мӯятон аз ягон намуд равған истифода набаред.
- Мӯй агар аз об таъмин бошад, ҳамвору нафис ва пурҷилло мегардад. Баъди ҳар дафъаи саршӯи ба мӯй балзам моледу ҳафтае як маротиба ниқобҳои ғизобахшро истифода баред. Баъди молидани балзам ва ниқобҳо саратонро бо сачоқ печонида, гарм нигоҳ доред дар ин ҳоалт мӯй хубтар ғизо мегирад. Сачоқҳои сахту пахтагинро аз 5 дақиқа зиёдтар дар сар печонида нигоҳ надоред, дар ин ҳолат мӯятон хушк ва шоху парешон мегардад.аз саҷоқҳои абрешими истифода баред, то ки мӯйи тарро зудтар хушк кунанд.
- Ҳолати мӯй, пӯст ва нохун аксаран аз ҳоалти витамин дар ҷисм вобаса аст. Барои инҳо бояд ғизои дурустистеъмол карда шавад. Ва инчунин витамин истеъмол кунед.равғани моҳӣ ва ламинарияро, ки аксаран барои солимии мӯйҳо тасия медиҳанд истеъмол кардан муфид аст.
- Аксаран нуги мӯйҳои рангкардашуда гул мекунанд. Агар шумо дар мӯйҳоятон ҳамин чизро мушоҳида карда бошед, ҷойҳои гулкардаро зуд қайчӣ занед. Барои пешгирӣ кардани гулкунии мӯй метавонед баъди рангкуни зуд нугҳои мӯйҳоятонро қайчӣ занед дар ин ҳолат гул намекунад.
Ҳамеша ба зебогии худ диққат диҳед, то ки зебо бимонед!