Музди меҳнат ва даромади иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар баланд мешавад, ба шарте, ки аз нигоҳи касбӣ омода гашта, муттахассис будани худро исбот карда тавонанд. Баланд бардоштани касбият ва доштани диплому сертификати касбӣ қадри муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар бозори ҷаҳонии меҳнат баланд бардошта, ёфтани ҷойи кор дар хориҷи кишвар барояшон осон мешавад...
Ин нуктаро вакили парлумол Сумангул Тағойзода, ки қаблан муддати 7 сол вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро иҷро мекард, баён доштааст.
Тағойзода дар робита ба ҳатмӣ шудани таҳсилоти миёнаи умуми 11-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун андешаҳояшро баён намуда, гуфтааст:
“Малака ва дониши касбии бо сертификат тасдиқшуда имкон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик вақте ба Русия ба дигар кишварҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, зудтар ба муҳити нави фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ гарданд. Барои муҳоҷироне, ки маълумоти касбӣ доранд, муошират бо ҳамкорон ва ҳамгироӣ ба ҷомеаи касбӣ осонтар хоҳад буд..."
Ёдрас мешавем, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-сола шуд. Қаблан муҳассилин имкон доштанд, ки баъди хатми синфи 9 тарки таҳсил намоянд, вале акнун онҳо дар дуроҳаи қисмат қарор мегиранд. Бояд ҳатман 11-сол таҳсил кунанд ё баъди хатми синфи 9 ба таври ҳатмӣ таҳсилашонро дар ягон омӯзишгоҳи касбӣ идома дода, касбу ҳунарҳои замонавии барои пешравии иқтисодиёти кишвар муҳимро омӯзанд.
Сумангул Тағойзода мегӯяд, ин ба фоидаи ҷавонони тоҷик аст, зеро онҳо касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат серталаботро меомӯзанд ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ҳам, минбаъд ҳамчун муттахассис хоҳанд рафт. Албатта қадри муттахасисе, ки диплом ё сертификат дорад, баланд буда, дар хориҷи кишвар ба осонӣ кор меёбад ва музди бештар мегирад.
Ёдрас мешавем, ки дар 10 соли охир дар масъалаи интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар Тоҷикистон байни кишарҳои Осиёи Миёна пешсаф аст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ҳамасола ба Русия ва кишварҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, сол то сол меафзояд. Аммо акнун масъулин талош доранд, ки муҳоҷирати гурӯҳиро бештар таблиғ намуда, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба сафари корӣ ҳаматарафа омода намоянд. Бо ин мақсад дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа, Маркази касбомӯзии калонсолон ва дигар ниҳодҳои тобеъи вазорат курсҳои омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ амал менамоянд, ки аксаран ройгон мебошанд.