Аз якуми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад!
Ин нуқтаро Пешвои миллат, Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмондар паёми имсолаи худ қайд карда, ҳамзамон таъкид намуд, ки “Аз якуми моҳи июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту массисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамчунин дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.
“Аз 1 июли соли 2022 нафақаи ятимони кул ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шавад. Ҳадди ақали музди меҳнат аз якуми июли соли 2022 то 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқарар карда шавад”-таъкид намуд сарвари давлат.
Ҳамасола Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар охири сол ҳисоботи худро дар Паём ироа намуда, барои соли нав ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳо медиҳад.