Formula september
Муғтеппа - маконе, ки аз оташкада ба мавзеи сайёҳӣ табдил ёфт
483

Дар шаҳри Истаравшан кушке ҷойгир аст дар болои як теппаи баланд, ки қалъаи Муғ ё Муғтеппа ном дорад. Ин макон дар асри VI то мелод таъсис дода шудааст. Имрӯз он маркази сайёҳӣ буда, меҳмононро бо масҷидҳои қадима, корвонсаройҳо ва мақбараҳои худ ҳайрон мекунад.

Димнаи Муғтеппа низ дар асрҳои II-VII дар ҳудуди Истаравшан ҷойгир буд. Ин минтақаи зисти асилзодагони маҳаллие ки дар ин ҷо қалъаҳои зиёде барпо мекарданд, бо меъмори хоса ва муассири худ фарқ мекард. Дар ин бора бозёфтҳои маҳаллаҳои сокиннишини Бунҷикат (Қаҳқаҳа) ва Чилҳуҷра иборат аз сохторҳои устувор ва қасру биноҳои дину оинӣ бо лавҳаҳои кандакорӣ ва нақшу нигор ороишдодашуда шаҳодат медиҳанд.

Хусусан дар худи Бунҷикат нақши гурги модае, ки ду тифлро шир дода истодааст, ёфт шуда буд, ки шаҳодати муносибати шарқ ва ғарбро изҳор менамояд. Аз теппаи Муғ, ки дар он қароргоҳи ҳокими маҳаллӣ ҷойгир буд, то рӯзҳои мо танҳо дарвоза ва гумбаз бо сутунҳои паҳлӯӣ боқӣ мондааст.

Сокинони Истаравшан ин қалъаро ба он хотир Муғтеппа меноманд, ки замоне дар ин ҷо бузургтарин маъбади оташ фурӯзон будааст. Тибқи ривоёти таърихӣ, Қалъаи Муғ арки ҳокими Ӯротеппа Рустамбек низ будааст.

Муаррих Назирҷон Турсунов дар китоби «Истаравшан» дар бораи ҳудуди ин қалъаи бузург чунин баён намудааст:

«Шаҳраки Муғтеппаи Ӯротеппа масоҳати 6 гектарро ишғол намуда, бо деворҳои баланди дарозиашон 600 метр иҳота карда шуда буд».

Ҳафриётшиносон О. И. Смирнова ва Н. Н. Неъматов солҳои 1950-74 дар Муғтеппа ҳафриёт гузарониданд. Бино ба андешаи онҳо, Муғтеппа димнаи куҳандизи асри 5 то милод - асри 19 милод аст, ки дар теппаи Муғ, дар канори шимоли шарқии Истаравшан воқеъ аст.

Гуфта мешавад, ки масоҳати Муғтеппа 6 гектар буда, бо деворҳо иҳота гардидааст, ки дарозиаш тақрибан 600 метр мебошад. Баландин деворҳо дар Шарқ 15 метр ва дар Ғарб то 64 метр аст. Баъзе боқимондаи иқоматгоҳҳо танҳо дар кунҷи ғарбии Муғтеппа ба назар мерасанд. Ягона даромадгоҳ дар девори ҷанубӣ воқеъ буд.

Дар қабати археологии аз ҳама қадимтарини Муғтеппа зарфҳои сафолии силиндршакл ва ҷом, муҳри начандон калони биринҷии дастадор, акси шери қанотдор ёфт шуд.

Дар қисми шимоли ғарбии Муғтеппа (объекти VII) боқимондаи деворҳои қалъа, бурҷи дорои тиркашҳое, ки бо тартиби шоҳмот ҷой гирифтаанд ва иншооти наздидевории шаҳр, зарфҳои сафолӣ (асри 2 то милод— асри 3 милод) кашф гардид. Аз ин ҷо, инчунин, деворҳои қалъа якчанд хонаҳои мансуб ба асрҳои 5-8 ва бозёфтҳои нодир - бутчаи гилини шабеҳи сари одам, зангӯлачаи биринҷӣ, пайкони сепара ва косача - чилими дастии сепоя ёфт шуданд. Боқимондаи комплекси қасри беки асрҳои 18-19, дар маркази димна масҷиди калони мусулмонии асрҳои 18-19 кушода шудаанд. Муғтеппа вазифаи кӯшки мустаҳкамро адо карда, дар асрҳои миёна ва давраи нав ба ҳайати шаҳри Ӯротеппа гузашт.

Қалъаи Муғ соли 2018 бозсозӣ шуд. Гирду атрофи он деворпӯш гардида, амфитеатр барои 5100 ҷойи нишаст, 70 ҳуҷра барои ҷойгир кардани намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон сохта ба истифода дода шуд. Қалъа соли 2021 ба феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО расман ворид карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД