toyota motors
Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс иштирок мекунанд
30.04.2026
Oila.tj
71

Аз 1 то 15-уми майи соли 2026 шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мизбони Чемпионати Осиё оид ба бокс мешавад. Дар мусобиқа муштзанҳои соли таваллуди 2012/13 ва 2010/11 дар 2 категорияи вазнии 15 ва 17-солаҳо иштирок мекунанд. Дар категорияи 15-солаҳо дар 15 вазн ва дар категорияи 17-солаҳо дар 13 вазн рақобатҳо доир мешаванд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар мусобиқа беш аз 500 муштзан аз 26 кишвар ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 20 муштзан муаррифӣ мекунанд.

Миёни муштзанҳои то 15-сола Расул Каримов (33 кг), Муҳаммад Файзуллоев (35 кг), Муҳаммад Қодиров (37 кг), Муҳаммад Фозилов (55 кг), Муҳаммад Сулаймонов (58 кг), Абдулло Ҳабибов (70 кг), Ҷабраил Нуралиев (40 кг), Умарҷон Иброҳимов (49 кг), Фуруғ Сарҳадзода (60 кг), Азизахон Бобоҷонова (52 кг) ва миёни муштзанҳои то 17-сола Анушервон Сидиқов (46 кг), Фирӯзҷон Бойматов (48 кг), Қосим Мирзоев (50 кг), Абдураҳим Шарипов (66 кг), Дамир Назаров (52 кг), Алӣ Назаров (60 кг), Беҳрӯз Умаров (54 кг), Беҳрӯз Охунов (57 кг), Ҳамза Раҳимов (63 кг) , Рӯзибек Миравотов (70 кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Мураббиҳо Эмомалӣ Малаев ва Носирҷон Азимов ҳидоятгари ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистон дар мусобиқа мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД