Салом ба хонандагони сомонаи Оила. ТЧ!
Идимоҳ ҳастам, як зани сиёҳбахт аз ноҳияи Хуросон.
Волидонам дар вақташ “духтара худаш чию хнданаш чи” гӯён, иҷозат надоданд, ки ба донишгҳ дхил шуда, ягон касбу ҳунарро омӯзам ва ҷонашонро халос карданӣ шуда маро дар синни 18-солагӣ ба як ҷавоне, ки тамоман намешинохтам ба шавҳар доданд.
Пас аз ду ҳафтаи тӯй мани арӯсак фаҳмидам, ки домод нашъаманд будааст, аммо кор аз кор гузашта, дигар роҳи бозгашт набуд. Ночор ба тақдир тан дода, муддати 5 сол бо ҳамон марди нашъаманд зиндагӣ кардам ва соҳиби се фарзанд шудам, аммо ҳавои бад нек мешаваду одами бад не, гуфтагӣ барин, шавҳарам ҳеҷ одам нашуд, ки нашуд.
Ба ҷойи он ки зану фарзандонашро таъмин кунад, шавҳари бангиам баръакс қолину палос, телевизору чангкашак ва дигар ҷиҳози аз хонаи падар бурдаам ва зару зевари маро фурӯхта дорӯ мехарид, бар замми ин, ҳар рӯз маро бераҳмона лату кӯб мекард. Оқибат косаи сабрам лабрез гашта, аз шавҳари бангиам ҷудо шудам.
Рӯзҳои аввал бардаронам «худамон фарзандонатро калон мекунем” гӯён, маро тасаллӣ медоданд, аммо баъди ду-се моҳ муносибаташон тағйир ёфта, ба ғур-ғур кардан сар карданд.
Бачаҳоямро нонхӯри зиёдатӣ гуфта, дашному ҳақорат медиҳанд, ҷанг мекунанд ва баъзан барои шӯхию беқарориашон ҳатто мезананд. Тағоҳояшон бачаҳои маро бо ҳамин роҳ тарбият кардан мехоҳанд, вале ин рафтори акаҳоям ба дили ман сахт мерасад. Ҳолу аҳволи фарзандонамро дида, дилам хун мешавад, ки кӯдаконам мӯҳтоҷи дари хонаи тағо шуда, азоб мекашанд.
Дарди диламро ба модарам гӯям, ранҷида мегӯянд, ки маъқул набошад, ягон мардаки бе занро ёфта, шавҳар кун ва бачаҳоятро гирифта бар, мо зори туву кӯдаконат нестем.
Ростӣ, чанд мард маро талабгор шуда, ба хонаамон хостгор фиристоданд, аммо дудила ҳастам. Аз шавҳари якумам меҳрубонӣ дидаам ва мехоҳам марде дар барам бошаду такягоҳам гардад, аммо метарсам, ки марди дигар ба бачаҳои ман рӯйи хуш намедиҳад ва кӯдаконам пеши пойи паиндар хору зору таънашунав мешаванд.
Намехоҳам фарзандонам аз мушту лагад тағо халос шуда, ба азоби паиндар гирифтор шаванд. Миёни дуроҳаи зиндагӣ ҳайрон мондаам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кунам?
Идимоҳ, аз Хуросон