arzon replenishment
Мушкилоти норасоии омӯзгорон дар мактабҳо ҳанӯз вуҷуд дорад
303

“Санҷиш нишон дод, ки ҳоло ҳам дар баъзе муассисаҳои таълимӣ дар баробари муваффақияту дастовардҳо як қатор мушкилоту камбудиҳо аз қабили норасоии омӯзгорон, мавҷуд набудани озмоишгоҳҳои таълимӣ аз фанҳои химия, физика, биология ва ё таъмин набудани онҳо бо таҷҳизот ва маводи таълимӣ, аз меъёр зиёд будани теъдоди хонандагон дар синфхонаҳо, хусусан дар синфҳои таълимашон бо забони русию англисӣ ҷой доранд”

Ин нуктаро дирӯз зимни нишасти хабарӣ Директори Агентии назорат дар соҳаи маъориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир баён намуд.

Ба қавли Саидзода, пайваст набудан бо хати интернет, норасоии китобҳои тахассусӣ ва умумитаълимӣ, воқеъбинона баҳогузорӣ накардан ба дониши хонандагону донишҷӯён, ҷалб нагардидани омӯзгорони дорои унвон ва дараҷаи илмӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ба корҳои илмӣ кам ҷалб гардидани омӯзгорони ҷавон ва ба талабот ҷавобгӯ набудани китобхонаҳои электронӣ аз зумраи мушкилоти дигарест, ки дар муассисаҳои таълимӣ то ҳол ҷой доранд.

Дар баробари зикри камбудиҳои ҷойдошта Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм аз дастовардҳои муассисаҳои таълимии кишвар ёдовар шуда, иштироки фаъолонаи хонандагон ва донишҷӯёнро дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!”, ”Илм-фуруғи маърифат” ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ситоиш намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД