Мушкилоти ҷинсие, ки мардро дар тӯли ҳаёташ азоб медиҳад, аз давраи кӯдакӣ сар мешавад мегӯянд урологҳо, табибоне, ки бо мушкилиҳои мардона сару кор доранд.
Мутаассифона, аксари ин мушкилиҳо аз беэътиноии волидон, хоса модарон ба саломатии кӯдаконашон сар мезананд. Сомонаи "Даракчи" ин мавзуъро пайгирӣ намуда, дар боби 5 мушкили асосии мардона, ки аз овони кӯдакӣ сарчашма мегиранд, навиштааст:
1. Памперс роҳати модару зарар ба кӯдак
Фарзандони мо аксаран аз таваллуд то 2-солагӣ шабу рӯз урепча (памперс) мепӯшанд. Ҳарчанд пӯшондани памперс ба тифл барои модарон қулай бошад ҳам, ба кӯдак зарар дорад, чунки боиси гарм шудани узвҳои таносул мегардад. Вақте ки модарон ба фарзандонашон либоси аз ҳад зиёд гарм мепӯшонанд, ин барои узвҳои таносули кӯдак бисёр хатарзо аст. Дар давоми рӯз ба кӯдак урепча пӯшондан шарт нест. Бо ин роҳ шумо фарзанди худро аз ду бемории ногувор–баланопосттит (илтиҳоби узвҳо) ва энурез (тар кардан) муҳофизат мекунед.
2. Писарчаро бештар шустушӯй кунед
Албатта ҳар як модар қоидаҳои умумии нигоҳубини кӯдакро медонад. Аммо на ҳама аз нигоҳубини узвҳои ҷинсии писарча огоҳанд. Узви таносули писарбача бо пӯст пӯшонида шудааст. Агар модар дар як рўз то 3-4 маротиба аъзои ҷинсии кўдакро бо оби гарм нашӯяд, дар зери пўсти нўги узвҳои таносул бактерияҳои зарарнок ҷамъ мешаванд ва дар он ҷо илтиҳоби сахт ба амал меояд. Ин метавонад боиси гирифтор гаштан ба як қатор бемориҳои сироятии роҳҳои пешоб гардад, ки ба қобилияти дар оянда соҳиби фарзанд гаштани писар таъсири ногувор расонида, ҳатто ба бенаслӣ бурда мерасонад. Барои он ки ин ҳодиса рӯй надиҳад, дар ҳар се соат кӯдакро бо оби гарм хуб шустан ва баъд аз бо дастмол хушк кардан, дар ҳавои кушод муддате бе шим гузоштан лозим аст.
3. Ба писарча либоси танг напӯшонед!
Аксари модарон ба писаронашон куртачаҳои танг ё либоси таг мепӯшонанд. Ин хусусан ба либоси тагпӯш дахл дорад. либос ва таҳпӯши танг узвҳои ҷинсиро фишурда, ба рушди хуби ҷигар низ халал мерасонад. Дар натиҷа гардиши хун дар узв халалдор мешавад. Модарон ба писарони худ бояд либоси таги васеъ пӯшонанд. Либоси кӯдакро пас аз шустан ҳатман дарзмол карданро фаромӯш накунед.
4. Зарба хӯрдан чи хатар дорад?
Табиист, ки аксаран бачаҳои синни мактабй дар вақти бозй хамдигарро захмӣ мекунанд. Дар аксари ҳолатҳо ин ҷароҳатҳо дар минтақаи масона мебошанд ва ҳатто кӯдак метавонад аз дард беҳуш шавад. Ҳарчанд баъзан кӯдакон ҳатто ба хотир намеоранд, ки ба куҷо ва чи тавр зарба хӯрда буданд, вале зарбаи сахти ба поёни шикам хӯрдааш дертар афтодани нутфаро мушкил карда, боиси беқувватии ҷинсӣ мегардад. Аз ҳамин хотир ба кӯдак таълим диҳед, ки ҳангоми бозӣ бо ҳамсолонаш ба шикамаш назанад ва худро аз чунин зарба доимо муҳофизат кунад. Дар сурати рух додани чунин ҳолат, агар кӯдак аз дард шикоят кунад, фавран ба духтур-уролог ё андролог муроҷиат кардан лозим аст.
5. Аз бемориҳои сироятӣ эҳтиёт шавед!
Паротит, ки махсусан дар синни ҷавонӣ маъмул аст, барои писарбачаҳо хатарнок мебошад. Мабодо фарзанди шумо ин бемориро дошта бошад, ҳатман ӯро ба назди уролог ва инчунин терапевт баред, зеро он тухми кӯдакро вайрон карда, онҳоро кушта метавонад. Аз ҳамин хотир ин бемориро сари вақт бо ёрии доруҳои махсуси зиддимикробӣ, ки духтур таъин мекунад, табобат кардан лозим аст.
Вақте ки кӯдак калон мешавад, ӯро боз як бемории ногувор интизор аст. Мо дар бораи варикосел дар писарон гап мезанем. Он бо дард, ки ба поён кашидани узв, васеъшавии ҷигар боис мегардад, оғоз меёбад. Беморӣ ҷарроҳии фавриро талаб мекунад. Агар табобат сари вақт анҷом дода нашавад, беморӣ метавонад ба гурдаҳои кӯдак зарар карда, дертар дар калонсолӣ ба қувваи мардонааш таъсири ҷиддӣ расонад. Барои пешгирии ин беморӣ аз қабзият, бардоштани вазни зиёд ва бемориҳои роҳҳои пешоб писарбачаро муҳофизат кардан лозим аст.
Модарони азиз, агар шумо ин панҷ қоидаро риоя намоед, бисёр бемориҳои фарзанди худро пешгирӣ карда метавонед. Тавсияи мо ҳамин аст, ки ба саломатии фарзандони худ диққати ҷиддӣ дода, бо пайдо шудани хурдтарин тағиротҳо ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.