Formula novemver 2024
МУШКИЛИ №1- И ИСТАРАВШАН КАЙ ҲАЛ МЕШАВАД?
1432

Чанд моҳ пеш Оила. ТЧ дар боби набудани қуттиҳои партов дар бозори марказӣ ва кӯчаҳои Истаравшан маводеро ба табъ расонида буд.

Дар он гуфта мешуд, ки дар бозори марказӣ ва кӯчаҳои шаҳри Истаравшан қутти партов нест, аз ҳамин сабаб анбӯҳи партовҳо дар ҷӯйборҳои шаҳр ва бозор "шино" мекунанд.

Зимни сӯҳбат бо хабарнигори сомона чанде аз сокинон шаҳр аз набудани ҷойи мусорпартои шиква карда, гуфтанд, ки аз ночорӣ онҳо маҷбуранд, ки партовҳоро дар сари роҳу рӯйи роҳ ва чӯйборҳо партоянд.

Бо мурури вақт дар дохили бозор партовқуттӣ гузошта шуд. Дар аксари ҷойҳое, ки мардум ҷамъ мешаванд, чунин қуттиҳо гузошта, лавҳаҳои махсус насб намуданд,ки партов дар ҷойи муқарраршуда бояд партофта шавад, дар акси ҳол ҷарима карда мешавад, вале...
photo_2021-08-19_08-56-03

Ба сокинон то 1200 сомонӣ ҷарима супурдан таҳдид кунад ҳам, чуноне, ки дар акс мебинед, ҳанӯз ҷӯйборҳои бозори марказӣ аз партов холӣ нест. Аксари сокинони шаҳр партовҳои худро ба ҷӯйбор мепартоянд ё дар лаби ҷӯй монда мераванд.

photo_2021-08-19_08-56-16

Хуб мешуд, ки дар кӯчаҳои бозори марказӣ ақаллан яктогӣ қуттиҳои партов гузоранд, зеро дар акси ҳол ин мушкили бозор ҳамин сон ҳалношуда боқӣ мемонад.

Ахиран раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҳам аз беаҳмиятиву бетарафии сокинон нисбат ба тозагии муҳити зист изҳори нигарони намуда, муроҷиатномаи худро тариқи ВАО-и Истаравшан ба мардум расонд.

"Шаҳрамон ҳамеша тозаву озода буд, зеро авлоду аҷдоди мо ҳаргиз дар муҳити ғайрисанитарӣ зиндагӣ накардаанд ва намегузоштанд, ки фарҳанги шаҳрдорӣ то ба ин дараҷа расад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба чунин як ҳолати ногувори ғайри санитарӣ расидани муҳити зист танҳо як сабаб дорад- БЕТАРАФӢ! Таҷрибаи зиндагӣ борҳо исбот кардааст, ки оқибати бетарафӣ бешарафӣ, пушаймонӣ ва вайронкорист!”-омадааст дар муроҷиатномаи раиси шаҳр.

Дар муроҷиатнома ҳамчунин гуфта мешавад, ки то ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамарӯза аксияи "Шомгоҳи тозагӣ" ташкил карда мешавад. “Мо атрофи хешро дар вазъияти пасти экологӣ қарор додаем ва фарзандони мо ин муҳитро як чизи муқаррарӣ қабул карда истодаанд, агар дар чунин руҳия ба воя расанд, дигар шаҳрро ҳаргиз тоза нахоҳанд кард,"-таъкид мекунад раиси шаҳри Истаравшан Маъмурзода.

Ифлосии ҷӯйбор ва гирду атрофи бозор солҳост, ки яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам дар шаҳри Истаравшан ба шумор меравад. Албатта анбӯҳи партовҳое, ки дар гирду атрофи бозор партофта шудааст, зарари худро ба сокинон нарасонида намемонад. "Тозагӣ гаравӣ саломатист" аз ин рӯ мардуми бо нангу ори Истаравшани бостониро зарур аст, ки ба тозагии муҳити зисти худ диққат дода, барои солим мондани худ ва аҳли хонаводаашон талош варзанд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД