sebiston july new
МУРОД ВА ИМОН МОТАМ ДОРАНД
2725

 

Мурод Йилдирим, ҳунарманд ва модели 41-солаи турк ва ҳамсараш Имон Элбанӣ, ҳунарпеша ва модели 32-солаи марокашӣ дар шаҳри хушбодуҳавои Бодруми Туркия истироҳат мекунанд, то аз ғаму ғусса андаке дур бошанд.

Қаблан хабар дода будем, ки ҷуфти ҳунарманд ба наздикӣ соҳиби фарзанд мешаванд ва аз ин хабар худашон ҳам хушҳол буданд. Мутаассифона, хурсандии эшон дер давом накард, зеро Имон кӯдаки 2- моҳаи батнашро афтонидааст. Рӯзномаи “Hürriyet” менависад, ки Имон қаблан ҳам чанд маротиба кӯдаки батнашро афтонида буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҷуфти ҳунарманд мехоҳанд, ки табобатро идома дода, дар оянда соҳиби фарзанд шаванд ва лаззати падарию модариро бичашанд.

Онҳо дар Бодрум зиёд намеистанд ва ба зудӣ ба Истанбул бармегарданд, зеро наворбардории фасли дувуми филми “Рамо”, ки нақши асосиро дар он Мурод Йилдирим бозидааст, оғоз мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД