4-уми апрел Тоҷикистонро боз як заминларза такон дод. Қувваи онро зилзилашиносон 4,7 балл ба қайд гирифтанд.
Маркази заминларза дар 33-километрии шарқи шаҳраки Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҳудуди 10,8 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, воқеъ будааст. Манбаи зилзила дар умқи 169 километр ҷойгир будааст.
То ҳол дар бораи хисорот ва талафот маълумоте дода нашудааст.
Ёдрас мешавем, ки вақтҳои охир дар Тоҷикистон, хусусан дар Бадахшон зуд-зуд заминларза ба амал меояд. Мутахассисон ин заминларзаҳоро хатарнок арзёбӣ мекунанд, чунки дар инҷо таҳдиди канда шудани кӯли Сарез вуҷуд дорад.