...Дар асл Тахмина ба ҷавонияш нигоҳ накарда, тамоми сахтиҳои зиндагиро чашида, барои хоҳаракон модар гашта буд. Ба сару либоси ҳамсинфону дугонаҳояш нигоҳ карда, орзу мекард, ки рӯзе бо ҷавоне хонадор мешаваду ӯ барояш ҳам падар ва ҳам модар шуда, тамоми орзуҳои дилашро амалӣ месозад. Ҳамин тавр, рӯзҳо сипарӣ шуданду ду деҳа болотар ҷавоне ба Тахмина хостгор фиристод. Ҳамсояҳо ҳам фикр карда, ба хулосае омаданд, ки Тахмина духтари қадрас шудаасту бояд хонадор шавад ва ҳар яке мувофиқи имкон ба духтарак ҷиҳози арӯсӣ хариданд...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 48-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 9-уми декабри соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед
Ҳасрати дидори писар модарро инсулт
карду падарро аз биноӣ маҳрум сохт
...Ин дам шавҳари холаи Холбибӣ, бобои Маҳмадраҷаб ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавад ва оби чашмонашро поккунон мегӯяд:
-Бо умед бача калон кардем, ки дар дами пирӣ писарамон дастамонро мегирад, вале ба ҷойи он ки мушкиламонро осон кунад, ин фарзанди бепарво ғами рӯйи диламон гашт. Ман Русия коркунӣ меравам гуфта, 15 сол пеш аз хона баромаду бо ҳамин бе ному нишон гашт. Намедонем, ки зинда аст ё мурда. Магар осон аст, 15 соли дароз дар ҳасрати дидори писар сӯхтан?...
Мавлона Наҷмиддинова хонаи киро вайрон кард?
...Ҳамсараш гӯширо ба ӯ дод ва Мавлонае, ки дар ҳаёташ ба Азиз аз бинӣ боло гап назада буд, тамоми дашномҳои рӯйи оламро ба сараш рехт. Рӯзи дигар боз занг задам ва гуфтам, ки дигар зиндагии ман бо ӯ ҳаром аст ва гӯширо гузоштам. Ҳамон вақт соат ба вақти худамон 12-и шаб буд. Кӯдакон дар хоби ноз. Ҳамон лаҳза коре кардан мехостам, ки дар ин дунё набошам. Ба сарам фикри худкушӣ омад, аммо бо кадом роҳ, намедонистам. Ба балкон рафтам ва худамро аз панҷум ошёна партофтанӣ будам...
5 ғизои зимистонае, ки занро зебо месозад
...Агар аз табхоли лаб безор шуда бошед, бештар маҳсулоти баҳрӣ, чормағз, донаки каду, кунҷит, гулкарам, карами сафед, ҷаъфарӣ, настарани хушк (шиповник), ананас, лаблабу, сабзӣ, нахӯди сабз, сирпиёз, себ, лиму, йогурт, кефир, ҷурғот, қаймоқ, панир ва фалла истеъмол намоед. Тамоми маҳсулоти номбаршударо гарм карда, баъдан истеъмол намоед. Ҳар субҳу шом як истакон кефир ё ҷурғот истеъмол намоед...
Ҳоҷӣ мешавад: Шон МС тарки саҳнаи рэп мекунад
...Шон МС соли 2008 ба фаъолияти худ оғоз бахшида, 12 сол аст, ки рэп месарояд ва яке аз маҳбубтарину машҳуртарин рэпсароёни тоҷик ба шумор меравад. Ҳамчунин, овозхон дар рафти барнома қайд мекунад, ки хешу ақрабо ва ҳатто падару модараш, ки ҳамагӣ инсонҳои суннатианд, аз аввал ба рэпсароии ӯ зид буданд. Бо вуҷуди ин, Шаҳбоз тавонист, ки 12 сол дар ин ҷода рақобат карда, қалби ҳазорон мухлисро тасхир намояд. Ҳоло ӯ оиладор буда, соҳиби се фарзанд, ду духтару як писар аст...
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:
238-52-52
«Маро танҳо нагузор»
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!