Мегӯянд, ки вақте инсон мемирад, то хондани ҷаноза садои зиндаҳоро мешунавад ва мефаҳмад, ки кадоме аз пайвандон ва хешу табораш дар ҳақиқат барои ӯ зиқ шуда, сидқан гиря дорад ва кӣ сохтакорӣ карда истодааст. Оё ин гап ягон асос дорад? Одам баъди ҷон ба ҷонофарин супурдан мурданашро мефаҳмад ё не? Агар фаҳмад, пас кай ва чӣ хел мефаҳмад, ки мурдааст?
Хайриддин Лаълов, н. Ванҷ.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Дар аҳодис омадааст, ки вақте марги инсон наздик мешавад, ба ӯ макони охираташро нишон медиҳанд, хоҳ ҷаннатӣ бошад, хоҳ дӯзахӣ, сипас руҳашро қабз мекунанд. Одамӣ пеш аз вафоташ аз марги худ бохабар шуда, баъди ҷон ба ҷонофарин супурдан низ ҳамаи ҳолатҳои инсонҳои зиндаро мебинаду мешунавад ва сухан мегӯяд, аммо ҳеҷ кас ӯро намешунавад.