arzon replenishment
Мурам ҳам зани хорпуштак намешавам!
3588

Телефони идораи сомонаи "Оила" занг заду аз дигарон пешдастӣ карда гӯшакро бардоштам. Аз он ҷониб садои гиряолуди духтараке меомад. Ба ташвиш афтида гуфтам:

-Ором шавед хоҳарҷон! Ба шумо чӣ ҳодиса рӯй дод?
Мусоҳибам ҳамоно фиқ-фиқкунон ҷавоб дод:
-Напурсед ака, аҳволам бад аст! Аз беморхона ба шумо занг мезанам.
Изтиробам афзуда гуфтам:
-Хоҳар, илтимос, оромтар гап занед, то матлабатонро фаҳмем.
Духтарак оҳи пурдарде кашида, иқрор шуд, ки ӯро маҷбуран ба шавҳар дода истодаанд.
Гапро ба шӯхӣ бурда, ҳазломез гуфтам:
-Духтарҳои дигар рӯзи дароз дар ба дари муллою фолбинҳо гашта қайтармаю бахткушоӣ мекунанд, то ки шавҳар ёбанд. Шумо бошед, гиря мекунед. Арӯс шуда хонаи мардеро обод кардан орзуи ҳар як бону аст. Хурсанд шавед, ки бахтатон хандидаасту...
-Эҳ ака, охир маро ба як хорпуштак доданианд,-ба миёни гапам лагад зад духтарак ва боз инони гиряро сар дод.
Ҳайрон шуда пурсидам:
-Ба хорпуштак?!
-Ҳа ба хорпуштак,-гуфт бо ситеза мусоҳибам ва шарҳ дод-домоди ёфтаашон ба хорпуштак монанд аст. Кулӯлаи пашмин, биниаш калон, гӯшҳояш дароз, мӯйи сараш мисли хорҳои хорпуштакҳои саҳроӣ сих-сих, хулоса афташ бисёр хунук аст! Аз зани ин хел мард шудана мурдан беҳтар!
-Астағфуриллоҳ гӯед хоҳар. Ҷавон, ки писандатон набошад, метавонед рад карда, хосгорони навбатиро интизор шавед. Барои ин мурдан шарт нест!
-Гапатон маъқул, аммо падару модарам инро намефаҳманд-дия! Мегӯянд, ки мо аллакай фотиҳаро гузарондем, хоҳӣ-нахоҳӣ зани ҳамин бача мешавӣ, -духтарак инро гуфта, чунон бо овози баланд гирист, ки гӯё ягон одами наздикаш мурда бошад.
Пурсидам, ки сабаби ба беморхона афтиданаш чист.
-Раги дастонамро бо лезва буридам. Мехостам бо ҳамин роҳ ин дунёро падруд гӯям, вале ҷони одамизод аз санг ҳам сахттар будааст-,иқрор шуд мусоҳибам ва зорӣ намуд, ки ба вай роҳи наҷотро нишон диҳам. Ягона роҳи наҷот аз назари мо бо воситаи сомона ба чунин падару модарон гуфтан аст:
-Волидони азиз! Духтару писаронатонро зӯран хонадор карда, ҳаёташонро насӯзонед. Миҷгона ва садҳо Миҷгона барин духтарон гов нестанд, ки ба бозор бароварда бо нархи дилхоҳ ба каси дилхоҳи худ фурӯшед. Зиндагӣ савдои умр аст ва бе муҳаббат наметавон ба шебу фарозҳояш тоқат кард. Андеша кунед, ки фардои оилаи ба зӯрӣ бунёдкардаатон вайрону фарзандонатон бадбахт шаванд, кӣ месӯзад? Албатта шумо ва фарзандатон! Аз ин хотир якравӣ намуда, ҳам худ ва ҳам ҷигарбандонатонро бадбахт насозед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД