Маҳсулоти лозима:
Марминҷон - 600 грамм, шакар - 600 грамм.
Тарзи таҳия:
Марминҷони пухтаро нағзакак шуста, обашро полонед. Сипас бо сачоқ хушконед. Марминҷонро ба зарфи сирдори мураббопазӣ ҷой кунед. Сипас аз болои марминҷон шакар пошида, 40 дақиқа нигоҳ доред. Ин муддат кофӣ аст, ки марминҷон об барорад. Баъдан марминҷони оббаровардаро бо шакар ҷӯшонида, дар оташи паст гузоред. Марминҷонро бо қошуқи чӯбин мунтазам кофта истода, то ҷӯшонидан расонед ва баъдан 20 дақиқа ҷӯшонед. Мурабборо ба бонкаҳои пешакӣ тамизшуда бардошта маҳкам кунед.