arzon replenishment
Муовини сарвазир аз мактаб-интернати махсуси шаҳри Ҳисор дидан намуд
351

 Матлубахон Сатториён, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба шаҳри Ҳисор аз Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус дидан намуд.

Дар мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор айни замон 312 нафар хонандагони дорои имкониятҳои маҳдуд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Муовини сарвазири мамлакат бо шароити зисту зиндагӣ ва таҳсили кӯдакону наврасони маъюб дар ин муассисаи таълимӣ шинос шуда, бо худи бачаҳо ва ҳайъати омӯзгорон ҳамсӯҳбат гашт.

Бояд тазаккур дод, ки бошандагони мактаб-интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор бо ҷойи хобу макони зисти шабонарӯзӣ таъмин буда, аз рӯйи оиннома ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Муассиса дорои бинои хуби таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, духтурхона, майдончаи варзишии мутобиқ ба вазъи саломатии бошандагон буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони муваффақ ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шудааст.

Мактаб-интернат бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ, мизу курсӣ ва компютерҳои нав муҷаҳаз буда, 29 омӯзгор ва 30 нафар мураббиёни ихтисосманд ба таълиму тарбияи кӯдакони маъюб машғуланд.

Бо мақсади ҷалби наврасон ба омӯзиши ҳунарҳои гуногун дар ин муассисаи таълимӣ маҳфилҳои пухтупаз, пойафзолдӯзӣ, дастони моҳир, сартарошӣ, рассомони ҷавон ва дастаи ҳаваскорон ташкил карда шудааст, ки ба баланд бардоштани завқ ва ҳисси зебопарастии кӯдакону наврасон мусоидат менамояд.

Муассиса ба давраи тирамоҳу зимистон омодагии комил дида, ба хотири таъмини кӯдакони маъюб бо гармӣ ва хӯроки гарм 108 тонна ангишт, 30 куб ҳезум, 24 гармкунаки барқӣ, 3 тонна орд, 300 литр равған, 250 кг биринҷ, 500 кг шакар, 1 тонна картошка, 500 кг пиёз, 200 кг сабзӣ ва 500 зарф шарбати меваю қайлаи помидор захира карда шудааст.

Дар ин бора “Ховар” хабар дода менависад, ки дар фасли сармо биноҳои муассиса тариқи 7 дегхона ба воситаи шабакаи ягонаи гармидиҳӣ гарм карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД