Sebiston new 2024 october
Муҳоҷирзани тоҷикро аз рӯйи кӯдаконаш аз Россия ронданд
898

Дар Новосибирск як оилаи муҳоҷири тоҷикро аз рӯйи фарзадонаш аз Россия ихроҷ намудаанд. Ин бори аввал аст, ки рафтори кӯдакон боиси ихроҷ шудани муҳоҷирон аз қаламрави Федератсияи Россия мегардад...

Тавре ки сомонаҳо ва расонаҳои русӣ, аз ҷумла ГТРК «Новосибирск» навиштаанд, рафтори нолоиқи фарзандони ин хонавода боиси ихроҷ шудани тамоми аҳли оила аз қаламрави Россия гаштааст.

Қарори ихроҷи ин оилаи муҳоҷири тоҷик бар асоси аризаи шикоятии як зани рус содир шудааст, ки дар яке аз мактабҳои маҳаллӣ ба ҳайси муаллима кор мекардааст.

Дар хабар омадааст, ки дар асл марди ин хонавода дар Тоҷикистон монда, зану 32- солааш ҳамроҳи ду фарзандашон дар Новосибирск зиндагӣ мекардааст.

Зан дар бозор ба майдафурӯшӣ машғул шуда, писарчаи 7 сола ва духтарчаи 12 солаашро ҳамеша ба ҳоли худашон, яъне бе назорат мегузоштааст. Кӯдакон ба ҷойи ба мактаб рафтан рӯзи дароз дар кӯчаҳо бо оворагардӣ машғул шуда, роҳгузаронро ранҷу озор медодаанд. “Авбошҳои хурдакак” ба муаллима низ ҳуҷум кардаанд ва ин рафтори кӯдакон занро сахт ба ғазаб оварда, ба навиштани аризаи шикоятӣ аз болои ин оила водор намудааст.

Муаллима дар аризаи шикоятиаш навиштааст, ки кӯдакон дар кӯча бо гадоӣ машғул буданд ва ӯро бо санг зада, мазоқу масхара мекарданд. Кормандони вазорати корҳои дохилии Россия ба ин оила танҳо се рӯз мӯҳлат додаанд, ки қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД