arzon replenishment
Муҳоҷиронро дар Русия тавассути видеокамераҳо назорат мекунанд?
09.03.2025
Oila.tj
408

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия минбаъд зиёда аз 8000 камераҳои назоратӣ, ки дар нуқтаҳои муайяни ин шаҳр насб карда шудаанд, маҳз муҳоҷиронро назорат хоҳанд кард.

Мақомоти шаҳр мегӯянд, ҳадаф аз насби ин камераҳо дар нуқтаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ зери назорат гирифтани рафтору кирдори шаҳрвандони хориҷӣ аст, вале бархе аз мансабдорони рус ба иқдоми мазкур зид баромада, онро поймолсозии ҳуқуқҳои фардӣ ва паст заданишаъну шарафи инсонии муҳоҷирон номидаанд.

Аз ҷумла, Валерий Фадеев, раиси Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон дар назди презеденти Россия, ба ин ташаббуси мансабдорони Санкт-Петербург зид баромада, дар сӯҳбат бо “Известия” чунин гуфтааст: “Ин иқдом шаъну шарафи инсонии муҳоҷиронро поймол месозад. Дар Русия, ҳатто дар шиносномаи шаҳрвандони Федератсияи Русия миллати шахс қайд карда намешавад, вале як бора тасмим мегирем, ки видеокамераҳои назоратӣ набс карда, ба кадом гурӯҳи этникӣ тааллуқ доштани одамонро муайян созем?! Ин ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест!”.

Фадеев ба манъ кардани қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар баъзе аксари соҳаҳо дар Русия низ зид, барома, онро чораи бениҳояд шадид ва ноодилона номидааст. Раиси Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия таъкид намудааст, ки кормандонро дар тамоми соҳаҳо на аз рӯйи миллату нажод, балки бо дарназардошти малакаи касбӣ ва то кадом андоза муттахассиси хуб буданашон ба кор ҷалб намудан лозим аст.

- Дар масъалаи манъи қабули муҳоҷирони меҳнатӣ дар баъзе соҳаҳо ба кор хеле эҳтиёт будан лозим аст. Гап дар он нест, ки шахс аз кадом кишвар омадааст ва миллаташ чисту бо чӣ забон ҳарф мезанад, муҳим он аст, ки то кадом андоза дар ҳамон соҳа муттахассис мебошад. Шахсан, ба андешаи ман, ба миллатне, ба касбият кормандон бояд аҳамият дод. Танҳо ба хотири аз дигар кишвар омадан ва намояндаи миллати дигар буданашон муттахасисони хубро ба кор нагирифтан, ё азкор рондан аз рӯйи инсоф нест. Манъ кардани қабули муҳоҷирон ба кор дар баъзе соҳаҳои ҳаётан муҳим ба андешаи ман, чораи аз ҳад сахт ва зиёдаравӣ мебошад,-гуфтааст, Валерий Фадеев.

Дар идомаи сӯҳбат ин мақомдори рус аз манъи қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар таксӣ ёдовар шуда, гуфтааст: «Барои ман манъ кардани қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба сифати ронандаи таксӣ нофаҳмо аст. Магар, мо метавонем бо далелҳои мушаххас исбот намоем, ки ронандагони муҳоҷир нисбат ба ронандагони маҳаллӣ бештар ба садамаҳои нақлиётӣ гирифтор мешаванд?! Чунин омор надорем! Пас дар кадом асос муҳоҷирони меҳнатиро ба кор дар таксӣ роҳ намедиҳем?!“.

Аммо гурӯҳи дигари мақомдорони рус ба Фадеев зид баромадаанд. Онҳо мегӯянд, нафрат доштани мардуми маҳаллӣ ба муҳоҷирони бе сабаб нест.

Аз ҷумла Олег Капитанов, сарвари Кумитиа оид ба муносибати байни миллатҳои мақомоти давлатии ҳокимияти маҳалии Санкт-Петербург дар посух ба эродҳои Валерий Фадеев чунин гуфтааст: “Мардуми маҳаллӣ муҳоҷиронро дӯст намедоранд ва ин бе сабаб нест. Яке аз омилҳои асосии онҳоро бад дидани мардум дар он аст, ки муҳоҷирон ба ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла амалҳои террористӣ, экстремизм ва ҷиноятҳои вазнин аз қабили таҷовуз ба номус, дуздию ғоратгарӣ ва хариду фурӯши маводи нашъаовр бештар рабт доранд. Насб намудани видеокамераҳои махсуси назоратӣ дар нуқтаҳои будубоши муҳоҷирон имкон медиҳад чунин ҷиноятҳо сари вақт пешгирӣ карда шаванд ва фишори иҷтимоӣ дар ҷомеа кам гардад...”.

Дар масъалаи манъи қабули муҳоҷиронимеҳнатӣ ба кор дар аксари соҳаҳои ҳаётан муҳим низ, Олег Капитанов ба Фадеев зид баромада, гуфтааст, ки муҳоҷирон бозори меҳнатро танг карда, ҷойи кадрҳои маҳаллиро мегиранд. “Мардуми маҳаллиро маоши баланд гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ сахт ба шӯр меорад, бинобар ин, беҳтар аст, ба кор қабулкардани муҳоҷиронро дар соҳаҳои сердаромад манъ карда, ба шаҳрвандони Русия имкон диҳем, ки дар ин соҳаҳо кор кунанд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар созанд”,- таъкид кардааст, Олег Капитанов.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Русия дар соли 2025 музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба сифати бокашон (курьер) кор ме кунанд дар як моҳ тахминан, дар як моҳ то 155 ҳазор рулби русӣ, ва ронандагони таксӣ то 153 ҳазор рубли русӣ даромад доранд.

Аммо ҳолати воқеъӣ нишон медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз 70-80 ҳазор рубли русӣ бештар намегиранд, ки ин ҳам бошад, ба пардохти иҷора, патент, бақайдгирӣ ва хурду хӯрок ва пӯшока дар фасли зимистон, ва порадиҳӣ ба полиси рус, ки ҳар даъфа муҳоҷиронро дастгир карда, маблағ меситонанд, масраф мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД