Пулиси шаҳри Маскави Русия як ҷавони тоҷикро барои авбошӣ ва ҳамла намудан ба зан ҷустуҷӯ дорад. Ҷавон дар латукӯб кардани як духтари тоҷик гумонбар дониста мешавад.
Моҷарои ҷавони тоҷик бо духтари тоҷик рӯзи 20-феврал дар назди биное сар задааст, ки муҳоҷирон барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ патент мегиранд. Сабаби муноқиша маълум нест, вале ҷавони тоҷик духтари тоҷикро ончунон бераҳмона задааст, ки пардаи гӯши духтар даридааст.
Хушбахтона, айни замон ба ҷони духтар хатаре таҳдид намекунад, вале пулис ҷавонро барои ҳақоратҳои қабеҳ додан ва латукӯби духтар ҷустуҷӯ карда истодааст.
Бадбахтона, ин ягона ҳодисаи ба сари зан даст бардоштани мардони тоҷик дар хориҷи кишвар нест. Як рӯз пеш, яъне санаи 20- феврал дар шаҳри Сочи як марди 58-солаи тоҷикро барои куштори зани маҳаллӣ боздошт намуданд. Тавре ки расонаҳои русӣ менависанд, мард бо санг зада сари занро маҷақ кардааст.
Ба иттилоъи ntv.ru ин марди 58-солаи тоҷик дар шаҳри Сочи бо як зани 46-солаи маҳаллӣ шинос шуда, ӯро ба манзилаш даъват кардааст, вале бо сабабҳои номаълум байнашон муноқиша ба амал омадааст.
Мард дар сари қаҳру ғазаб занро аввал дар хона лату кӯб карда, баъдан кашолакунон ба кӯча бароварда, чанд маротиба бо санг пай дар пай ба сараш задааст.
Зан бар асари ин зарбаҳои ҷонкоҳ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷасадашро роҳгузарон аз соҳили баҳр пайдо кардаанд. Муҳоҷир азҷойи ҳодиса фирор карда бошад ҳам, дур рафта натавонист. Кормандони пулис рӯзи дигар мошинеро, ки гумонбар бо он фирор кардан мехост, пайдо намуда, ҳамаи 4 нафар мусофиронашро дастгир карданд. Ҳамроҳони мард низ боздошт шудаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки онҳо ба ҳайси шоҳид мегузаранд ё ҳамчун шарики гумонбар ба ин моҷаро кашида мешаванд.
Рафтори бехирадонаи чунин муҳоҷирони муштзӯр боиси бадномии миллат гашта, тамоми муҳоҷирони тоҷикро дар чашми мардуми маҳаллӣ ҳамчун ҷинояткор, муштзӯр ва беадаб ҷилва медиҳад ва боиси афзудани нафрату руҳияи муҳоҷирбадбинӣ дар дили мардум мегардад. Аз ин рӯ аз тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш мекунем, ки ҳар як қадами худро дидаву санҷида гузоранд ва коре накунанд, ки ҳамватанонашон аз рӯйи онҳо сархаму забонкӯтоҳ гашта, дар чашми халқҳои дигар манфур намоянд.