Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як марди 63-солаи зодаи шаҳри Ваҳдат бо гумони одамфурӯшӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, моҳи декабри соли 2024 ин марди 63-сола ҳамроҳи як марди 38-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, ки шаҳрванди Арманистон мебошад, як гурӯҳ мардонро бо ваъдаи кори хуб ва сердаромад ба Арманистон бурда, ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор намудааст.
Ҷабрдидагон мардони 54, 40, 38 ва 34-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Данғара будаанд. Пас аз расидан ба Арманистон шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояшонро аз дасти онҳо гирифта, муҳоҷирони тоҷикро ба гирдоби қарз гирифтор намудаанд ва маҷбур намудаанд, ки бе пул кор кунанд.
Ин гурӯҳи дунафара қаблан моҳи ноябри соли 2024 низ гурӯҳи дигари муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки мардони 38, 35, 32, 31 ва 22-солаи сокини ноҳияҳои Данғара, Шаҳритуз ва Ваҳдат мебошанд, бо ваъдаи кор ба Арманистон бурда, ба доми ғуломӣ гирифтор кардаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки шахсони ба ғуломии меҳнатӣ афтода озод шудаанд ё не. Айни замон нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.