Дар Русия байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва қирғиз боз занозанӣ сар зада, дар рафти ин моҷаро як нафар кор хӯрдааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Ҳодиса рӯзи 31-уми июл дар минтақаи Люблино сар зада, байни як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва муҳоҷирони қирғиз занозанӣ сар задааст. Ба иттилои расонаҳои русӣ, аз ҷумла НЕВС.РУ ва ВК.КОМ, ин муноқишаи хунин аз рӯйи як муҳоҷири тоҷик сар задааст.
Манбаъ менависад, ки як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии қирғиз дам гирифтанӣ шуда, пиво ва нӯшокиҳои спиртӣ менӯшидаанд, вале муҳоҷири тоҷик онҳоро таҳқир намуда, қасдан дар рӯ ба рӯяшон рост истода, ба сӯяшон пешоб кардааст.
Ҳамин тавр, байни муҳоҷирон ҷангу ҷидол сар зада, муҳоҷири тоҷик як нафарро корд задааст.
Аммо шоҳидони ҳодиса дар суҳбат бо журналистони рус гуфтаанд, ки моҷаро фақат бо сабаби маст будани муҳоҷирон сар назада, пойи зан дар миён буд. Аз рӯйи гуфти яке аз шоҳидони ҳодиса, як муҳоҷир ба “арӯс”-и муҳоҷири дигар гап партофтааст ва моҷаро аз пушти зан сар задааст.
Дар рафти ин муноқиша як нафар корд хӯрдааст. Табибони “Ёрии таъҷилӣ” ҷабрдидаро дар ҳолати беҳушӣ пайдо карда, ба беморхона бурдаанд.
Тақдири дигар иштирокчиёни муноқиша маълум нест.