Тоҷикистон қариб бо 40 давлати хориҷӣ барои интиқоли қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо шартномаҳои дуҷониба дорад.
Тибқи ин созишномаҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор ба давлатҳои зерин фиристода мешаванд:
Ҷумҳурии Корея
Британияи Кабир
Олмон
Япония
Қувайт
Белгия
Лаҳистон
Латвия
Арабистони Саудӣ ва ғайра.
Дар кишварҳои хориҷӣ муҳоҷирони тоҷик бо чӣ корҳо машғул мешаванд?
Дар Корея бештар ба мутахассисони касбҳои техникӣ ниёз доранд. Гурӯҳи аввали муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки асосан кафшергарон (сваршикҳо) мебошанд, моҳи апрели соли равон ба Корея фиристода мешаванд. Устоҳои лифт ва таъмиргарони қубурҳои об низ дар Корея кори хуб ва сердаромад ёфта метавонанд. Аммо яке аз шартҳои асосии муҳоҷират ба ин давдат донистани забони кореягӣ ва доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбият мебошад.
Дар Арабистон Саудӣ ва дигар давлатҳои арабӣ муҳоҷирон бештар дар меҳмонхонаҳо ба сифати пешхизмат, ошпаз ва корманди меҳмонхона ба кор гирифта мешаванд. Донистани забони арабӣ, ё англисӣ яке аз шартҳои асосӣ мебошад.
Дар Латвия ва дигар давлатҳои Аврупо бештар ронандагони мошинҳои калони боркаш - фура талаб карда мешаванд, ки таҷрибаи кофии корӣ доранд.
Дар Британияи Кабир муҳоҷирони меҳнатии тоҷик асосан бо корҳои кишоварзӣ ва ҷамъоварии меваю сабзавот машғул мешаванд.
Хулоса, агар шумо нияти ба ягон давлати хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед, бояд ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ё ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, ки дар кӯчаи Лоҳутӣ 108 воқеъ мебошад, муроҷиат намуда, худро номнавис кунед. Маълумоти иловагиро тариқи телефонҳои мазкур гирифта метавонед: 221-39-67,+992-55555-10-80,987-90-66-66, 93-093-49-94, 93-435-51-93 ва 918-888-679